Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
аз тараққиёти комбинатамон сухан гӯем. Лекин ин гуна суханҳо берақам намешаванд. Рақамҳо барои асари бадеӣ?
— Рақамҳои зарурӣ ородеҳи асаранд,— гуфтам ман.— Муқоиса аксар бе онҳо намешаванд.
— Комилан дуруст. Комбинат агар се сол муқаддам зиёда аз сию як миллион метр матоъ дода бошад, баъди як соли он қариб сию ҳашт миллион метр матоъ дод. Имсол нисбат ба соли гузашта як миллион метр зиёд маҳсулотдиҳиро пешбинӣ менамоем. Ба муносибати садсолагии Ленин ӯҳдадор шудаем, ки истеҳсоли солонаро ба сиюнӯҳ миллион метр бирасонем. Ин зиёдкунии маҳсулот аз ҳисоби афзун кардани шумораи коргарон не, балки баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аст. Чунончи, чор сол пеш шумораи коргарони комбинат ҳашт ҳазору сесаду навад нафар буду истеҳсоли солонаи маҳсулот наваду ҳашт миллиону дусаду навадусе сӯмина. Баъди се сол шумораи коргарон садушаш нафар кам шуду лекин истеҳсоли солонаи маҳсулот қариб бисту се миллион сӯмина зиёд. Ҳосилнокии меҳнат ба сари ҳар коргар саду бисту нӯҳуним фоиз шуд. Шумо, албатта, дар хонаи молҳои тайёри мо будед?
— Ҳа, чандин бор.
— Бори охир ба хаёлам, дар ҳангоми даҳрӯзаи адабиёту санъати Узбекистон.
— Бале,— гуфтам ва хонаи маҳсулоти тайёрро ба пеши назар овардам. Дар он хона намунаҳо аз маҳсулоте, ки комбинат мебароварду мебарорад, дароз-дароз овехта шудаанд. Зебоӣ, обу ранг, ҷилои онҳо бинандаро мафтун мекунанд. Алалхусус зану духтароне, ки дар байни меҳмонони ӯзбек ва байни мизбонон буданд, аз назди як матоъ ба назди дигараш тохта мегаштанд. Ман ба яке аз онҳо гуфтам, ки тамошои ин хона ба лолачинӣ мемонад. Лолаҳо аз якдигар ба назар хубтар метобанд ва лолачин аз назди ин ба ваяш тохта меравад. Фарқ ҳамин ки ин лолаҳо гуногунранганд.
— Комбинати мо зиёда аз шаст хел матоъ мебарорад, ки қариб ду ҳазор намуд дорад,— Бақоев ҳуши маро аз хонаи намунаҳои маҳсулот баргардонд.— То ин дам ҳамаи маҳсулоти комбинат аз куртаю костюмбории занона иборат буд. Ҳоло мо ба истеҳсоли пальтоворӣ тайёрӣ мебинем. Чанде пеш дар магазинҳо пальтоҳои гӯё бельгиягӣ пайдо шуда, оби даҳони баъзе хушдорони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё