Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
хушлибосиро равонд. Фабрикаи нави абрешимресии мо худи ҳамин сол ба кор медарояду ҳамонгуна, хубтар аз он пальтоворӣ истеҳсол хоҳад кард. Ҳосилнокии меҳнатро аз ҳисоби автоматикунонии дастгоҳ боз баланд мебардорем. Масалан, дастгоҳи духобабофин «ТВ-160»
нимаавтоматист. Иҷро ихтироъкорони мо пурра автоматӣ карданд. Ин дастгоҳро дар ҳолати нимаавтоматӣ як бофанда идора мекард. Ҳоло сетоашро як нафар коргар идора мекунад. Яъне ҳосилнокии меҳнат се баробар зиёд шуд. Аз ҳар тараф мутахассисон омаданд, шаккокҳо бовар накарданд. Бо фармони вазорати саноати сабуки иттифоқ оқибат ин дастгоҳро дар ҳамаи корхонаҳои абрешими мамлакат ба кор андохтанд. Дигаргункунандаи ин дастгоҳ инженер-автоматчӣ Г. Д. Таланов аст. Одами ба назар ғӯлнамо. Вале дар амал даръёдилу навовар.
— Харидорони моро мепурсад? Ба қавле, шукр. Аз ҳад бисёр. Комбинат сесад ташкилоти харидор дорад, ки аз рӯи шартнома аз мо мол мегирад, — Бақоев аз чой бархоста, ба назди стенди автоматии маҳсулоти тайёрдиҳӣ омаду як тугмаро пахш кард. Дар харитаи иттифоқ бисту нӯҳ нуқта даргирифт ва фурӯзон шуд.— Инҳо шаҳрҳои калони Россия ва дигар республикаҳои мамлакати мост, ки моли комбинатро мегиранд. Моли мо ба Куба, Муғулистон ва мамлакатҳои дигар низ меравад.
— Агар нахи сунъӣ намебуд, чӣ қадар пилла лозим буд, ки комбинат ин қадар маҳсулот барорад?— пурсидам.
Медидам, ки директор дар ҷавоб мушкилӣ мекашад.
Мехостам лаҷоми суханро ба тарафи дигар тобам.
— Аввалан, он қадар пилларо кашида расонда наметавонистем. Соле ёздаҳуним ҳазор тонна пилла лозим мешуд. Ҳол он ки тамоми республика соле аз дуним ҳазор тонна андак зиёд пилла медиҳад. Ҳамааш шуда андак зиёд аз даҳяки маҳсулоти мо аз абрешими табиӣ халос, — директор аз рӯи стол ғалтаки пур аз нахи дурахшонро бардошта, ба ман дароз кард. — Ин нахи лавсан аст, ки аз газу ангишт ришта шудааст ва панҷсад маротиба аз абрешими табиӣ маҳкамтар мебошад.
Инкор намекунам, ки ба ҳар ҳол, харидорони моли абрешими пилла бисӯранд. Лекин химия дар саноати мо мӯъҷизаю мушкилкушо шуд.
Бақоевро ним соат осуда нагузоштанд. Се нафар бофанда ғалтак дар даст зада ба кабинет даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё