Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Аз қафои онҳо котиб низ тозон даромад. Ӯ бо имою ишора арз менамуд, ки пеши роҳи бофандагонро дошта наметавонист. Лекин яке аз се нафар, ки маро шинохт, ба дуи дигар пичиррос зада, ба директор гуфт:
— Мебахшед, рафиқ директор. Шумо катӣ як маслиҳати зарурамон буд. Хайр, ҳеҷ қисса не, санитар меоем.
— Не, не, наравед. Магар дар назди ман ин маслиҳатро гирифтан мумкин нест?— пурсидам ман.
— Албатта мумкин,— дудилона ҷавоб дод ӯ.— Лекин мо сони меоем. Ба сӯҳбати шумо халал камерасонем.
— Ман як дастгоҳи пурра автоматӣ ва ба ҳамаи шаккокон писандашудаи шуморо диданӣ ҳастам,— аз ҷой бархостам. Чашмам ин дам ба Байрақи аз духобаи сурх иборати хотиравии КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР афтод, ки ба муносибати панҷоҳсолагии Ҳокимияти Советӣ ба ин корхонаи пешқадам дода шуда буд.
Ман бо яке аз муовинҳои директор ба дидани дастгоҳи автоматӣ рафтам ва пас аз ин ба фабрикаи сеюми комбинат омадам, ки Ҳамроҳ Тоҳирова дар он ҷо кор мекунад. Гуфтанд, ки сменаи Тоҳирова баъди ним соат кор сар мекунад. Дар куҷо будани котиби ташкилоти партиявиро пурсидам. Цехи гулпартоиро нишон доданд.
Чанде боз мақсад доштам, ки бо котиби ташкилоти партиявии фабрика Лутфулло Султонов, яке аз навоварон ва ихтироъкорони комбинат сӯҳбат кунам. Фурсат пайдо шуд. Марди қоматбаланд, сурхинарӯй Султонов маро дида ба истиқболам омад. Ин косиби гулдасти зурриётӣ ҳоло сӣ соли тамом аст, ки дар ин фабрика кор мекунад. То соли панҷоҳу ҳафтум абрбандӣ мекард. Баъди ба комбинат ҳамроҳ шудани «Бофандаи сурх» абрбандии дастӣ аз миён рафт. Атласбофиро махсуси фабрикаи бофандаи саноати маҳаллӣ карданд. Ин фабрика бошад, ба бофтани поплину кетан ва дигар матоъҳо шурӯъ намуд.
Султонов дерҳо боз орзуи механиконидан ва осон кардани абрбандии аз як ҷиҳат душвор ва аз ҷиҳати дигар, аз гулпартоии механикӣ дида кораш пухтаро дар сар мепарварид. Дар ин кор ба ӯ бофандаю рангрезон Э. Муҳаммадҷонов, Ю. Ширин, Б. Рашидов ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё