Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

директори комбинат Ҳабиб Бақоев ҳавохоҳӣ ва мададгорӣ намуданд. Дар сояи хаёлот, изтироб, пушаймонӣ, бедорхобӣ ва хушнудиҳои чорсола дастгоҳи нави абрбандӣ ихтироз шуд. Вай иборат аз валекҷӯваи калони бараш як метр, дарозиаш саду бист ва радиусаш ҳафтоду ҳашт сантиметр буда, ба рӯяш резини яклухти гулканда часпониданд. Чӯва бо қувваи электрик чарх мезанад ва ранги гирифтаашро ба рӯи чиллаи кор мемолад ва нақшу гули худро ба он мегузаронад. Гулҳо нафис ва назаррабоянд.

Гап дар ин ҷост, ки вақте дар комбинат дар цехи гулпартоӣ аз рӯи принципи гулпартоии қадимаи читгарӣ, лекин ба тарзи механикӣ гулпартой мекунанд, дар сару охири матоъ, сару охири гул як навъ қатъшавӣ, буридани дағале пайдо мегардад, ки онро абрбандони ҳунарманд асло намеписанданд. Аммо кори дастгоҳи абрбандии ихтирои Султонов абрбандии нафиси дастиро мемонад ва он нуқсонҳоро надорад. Илова ба ин, абрбандии дастиро ҳаждаҳ баробар осон мекунад.

Бояд хотиррасон намуд, ки то ба дастгоҳи бофандагӣ овардани чиллаи кор вай аввал ба дасти абрбанд, рангуборчӣ, яъне рангрез мерафт. Як чиллаи корӣ аз дусад метр иборатро абрбанд ҳамроҳи шогирдаш се рӯз абрбандӣ мекард ва ба рангдиҳӣ ҳам ҳамин қадар фурсату меҳнат сарф мешуд. Аммо ин дастгоҳ чунин чиллаи корро дар ду соат ранг медиҳад. Ҳоло матоъ фақат ду ранг дорад. Вале сари ихтироъкорон банди хаёлоти мукаммал ва бисёрранга намудани матоъ аст.

Султонов дастгоҳро гардонда нишон дод. Ба назари ман вай он қадар мураккаб нанамуд. Вале ин ихтирои пуркимат, ки комитети кашфу ихтирооти назди Совети Вазирони СССР тасдиқ намуда, дар моҳи январи соли ҷорӣ патенташро фиристодааст, чӣ қадар фикру меҳнат ро талаб намуд! Ҳабиб Бақоев гуфт, ки агар дар фабрикаҳои бофандагии фақат Осиёи Миёна ин дастгоҳ ба кор дарояд, соле се миллион сӯм фоидаи барзиёд ба даст хоҳад омад.

Хабар оварданд, ки сменаи қаҳрамонзан ба сари дастгоҳ ҳозир мешавад. Ҳамроҳи Лутпулло Султонов ба цех даромадем. Ғавғои дастгоҳҳои нав ҳам, иқрор шудан лозим аст, ҳанӯз хеле зиёд. Рӯ ба рӯ истода, баланд баланд сухан гуфта, ҳамдигарро базӯр мешунаванд. Шояд он рӯз дур набувад, ки як ё чанд нафар навова

пешина
аз 447
навбатӣ