Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

рон ва ихтироъкорон воситаи паст намудани гулгулаи дастгоҳи бофандагиро ёбанд. Ин ихтирои басе бебаҳое мебуд.

Дастгоҳи «Укр-49», ки аз рӯи заказ ва маслиҳати фабрикаи «Красная роза»-и Москва хеле мукаммал сохта шудааст ва назар ба қавли бофандагон аз дастгоҳи пешина хеле каммағал. Вале чӣ ҷои нуҳуфтану нагуфтан! Рӯзи ба он цех даромада рафтанам, то бегоҳӣ гӯшҳоям ҷарангос мезаданд. Эҳтимол аз одат накардан бошад. Дар цех Тоҳироваро дидам. Ӯ дастгоҳро боздошта, нахи кандашударо мебаст, ки қомати мавзунро рост намуда, моро дид.

— Ҳамроҷон ҳунарманди номист,— гуфт Султонов.— Лекин ин осон муяссар нашудааст. Барои беҳтару тезтар аз худ намудани дастгоҳи нав басе мешуд, ки ӯ як соат зиёд дар истеҳсолот мемонад ва ба кор аз дигарон дида соате бармаҳалтар меомад. Дар натиҷаи ин дастгоҳро пурра ба итоати худ даровард ва норасоиҳояшро бартараф кард. Қариб панҷоҳ нафар духтарон аз ӯ тез кор кардан ва сарфа намудани вақтро ёд гирифтанд.
Тоҳирова аз ҳисоби кам кардани фурсати амалиёти ҷудоноии истеҳсолот рӯзе қариб ду соат вақтро сарфа намуд. Дар як моҳ, дар як квартал, ин чӣ қадар мешавад ва дар ин ҳангом чӣ қадар матоъ бофтан мумкин аст, ҳисоб карда бароед, ба ӯ таҳсин мегӯед.

Ҳозир Ҳамроҳ Тоҳирова чун тамоми коллектив ба вахтаи меҳнатии садсолагии Ленин меистод. Ӯ қавл додааст, ки ба ин муносибат супориши панҷсоларо дар чор сол иҷро кунад. Ӯ аз ҳисоби моҳи июн маҳсулот медод.
Пас санаи ӯ аз санаи умум се моҳ гузаштааст.

Тоҳирова нафасе се дастгоҳи худро хобонд. Вохӯрӣ карду хушомадед гуфт. Ба назди ҳамкоронаш Наташа Мегунова, З. Шарифов ва дигарон як-як гирифта бурда, ба таърифи кори онҳо даромада рафт.

— Соле як фабрикаи мо ба мамлакат саҳл кам чор миллион метр шоҳӣ медиҳад,— гуфт ӯ.— Бофандаи ин матоъҳо ҳаминҳоянд. Ҳамаамон як мақсади олӣ дорем, ки садсолагии Ленинро бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гирем. Охир эҷодкори бахту саодати мо, ӯст.

Мо Тоҳироваро ба сари дастгоҳаш овардем, ки нафасе кори ӯро ҳам бинем.

— Маро шарм надоронед,— гуфт ӯ.— Ҳамон хел кор
мекунам, ки дигарон мекунанд. Рафиқ Султонов аз

пешина
аз 447
навбатӣ