Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Маҷлиси имрӯза маро ягон соат барвақттар ҷавоб медиҳед. Имшаб бо интихобкунандагонам вомехӯрам.

Султонов розӣ шуд. Вақте ки аз цех мебаромадем, пеш аз ҳама чашми ман ба чунин гуфтаҳои В. И. Ленин афтод, ки дар алвоне навишта кашидаанд: «Дар оқибат сарчашмаи амиқтарини қувваҳо барои ғалаба кардан бар буржуазия ва ғарави ягонаи пойдории ин ғалаба, фақат тарзи нави баландтари истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда метавонад». Яке аз татбиқкунандагони ҳамин тарзи нави баланди истеҳсолот Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ, ҳамшаҳрии мо Ҳамроҳ Тоҳирова мебошад, ки то дари цех моро гуселонд. Ба лаби дарёи Сир баромадам. Аз теппа самолёти «ИЛ-18» парида ба ҷониби Тошканд мерафт. Духтарчаи сафедрӯй, ки тӯби сурху кабудашро ба замин зада, чарх мезад, аз бозӣ бозистода, ба самолёт нигоҳ карда, ба сурудхонӣ даромад:

Эй аэроплан, ман ба ту як гап дорам,
Бардору бирав, ба Москва фурдорам.
Бинам рухи Ленин, падари ғамхорам,
Он гоҳ як умр ман аз ту миннатдорам.

IX

Яке аз ҷӯйҳои калони шаҳрро, ки дар саҳрои Хуҷанд аз сои Хоҷабоқирғон ибтидои худро гирифта, ба шаҳр мефаромад, ҷӯи Мазор меномиданд. Ба он эҳтимол аз ин ҷиҳат чунин ном дода бошанд, ки як шохаи он ба бозори Панҷшанбе фаромада, аз зери дӯконҳои баққолӣ, чойхонаҳо, растаҳои атторону вофурӯшон, қассобӣ ва мевафурӯшӣ гузашта, ба се ҳавзи ду ҷониби мақбараи Шайхмуслиҳаддин — ҳавзҳои тахтапӯш, морхона ва кӯкнорхона омада мерехт. Поёноби ин ҳавзҳо ҳаволии гирду атрофи ин қабристонро аз об як навъ таъмин мекард. Ҳамчун ҳамаи ҷӯйҳое ки ба шаҳр мефаромаданд ҷӯи Раззоқ, масҷиди Сарв, ҷӯи Қозӣ ва Кӯрхона ном доштанд, ин ҷӯй ҳам дар роҳи худ осиё дошт.

Дар ҳама ҷо барои пуркувват шудани фаромади оби новаи осиё ду канораи ҷӯйро аз дур паҳну баланд бардошта, обро дам карда мебурданд. Ба мақсади мазбутии канораҳои ҷӯй дарахти бедро зич мешинонданд. Ҳар осиё обпартое дошт, ки оби зиёда аз новаи ҷӯй ва дар ҳангоми холӣ будани дӯл ё шикасту рехти осиё,

пешина
аз 447
навбатӣ