Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тамоми об ба он мефуромад. Ин шаршараҳои сунъӣ, обпартоҳо гоҳо аз қади одам ҳам зиёдтар чуқур мекарданд, ки дар ҳавои гарм на танҳо барои бачагон, балки калонсолон низ ҷои басе мувофиқи оббозӣ ва истироҳат буд.

Дар сояи бедҳои калонтанай сершоҳу барги чӣ болои нова, яъне сари осиё ва чӣ лаби шаршара нишастгоҳҳо дуруст мекарданд, ки косибони дар ҳавлиҳои тангу беоб базӯр нафас мегирифтагӣ гоҳо дар айни тасфи ҳаво, гоҳо дар рӯзҳои шанбе ба сояҳои ҳамин бедҳо омада нишаста, бегоҳиҳо баргашта мерафтанд.

Дар яке аз чунин рӯзҳои тобистон бо масолеҳи шӯрбо ҳанӯз аз ҷоштгоҳӣ ба лаби шаршараи осиёи чӯи Мазор як тӯдаи одамони асосан миёнсоли нисбатан хушлибос омада фуромад.

Онҳо ба ду асп, се хари савор шуда омаданд. Ҳам аспҳо ва ҳам маркабҳо чабдуқи хуб, подошу нӯҳтаҳои рангин доштанд. Аз болои харе хӯрчинро гирифтанд, ки дар як чашми он масолеҳи шӯрбо ва чашми дигараш нон буд. Аз болои ду хари дигар гилемҷаҳони пат, яккаандозҳои махмалинро фуроварданду даст ба даст карда, ба рӯи суфаи лаби обпарто кушоданд. Осиёбон, ки саросема буду гӯё аз ҷомаи чиғда-чиғда, тӯпии кӯҳна, аз сару рӯй ва ришу бурут, миҷғони дар зери гарди осиё монда шарм медошт, чӣ кор карданро намедонист.

— Аз рӯятон гардам, ҳазрат, монед, ин корҳоро ман кунам, — гӯён ӯ аз дасти як марди лоғарандом, рӯйборик, уқобчашму кӯсанамо яккаандозро кашида гирифта, рӯи гилем кушоду тохта рафта сатилу ҷорӯб овард. Ба гирди суфа об зад. Ин вақт ӯ дид, ки дигар як одами миёнақад ва кӯтоҳриши аз болои куртаи зеҳакдор яктаҳи чити кабуд пӯшида танбӯри ғилофдорро ба дарахте овехта, хӯрчинро бардошта меовард, сатилро монда, ба сӯи вай тохт. — Чӣ мешавад, ки ҳамин корҳоро ба ман монетон, тақсир. Баҳузур аз болои кӯрпача гузашта шишед, ҳамаи ин корҳоро дар як нафас худам басанда мекунам.

Вале харе ки маҳкам набастаанд, ресмонро кушода, тозон омада гардани хари дигарро газид. Осиёбон хӯрчинро гузошта, тозон рафта, ҳарҳоро аз ҳам ҷудо карда, баста омада дид, ки марди кӯсанамо сатилро гирифта, об мепошад ва одами куртаи зеҳакдорпӯш ҷорӯб гирифта, гирду атрофро мерӯбад, боз ба тавалло даромад.

-- Аз хоки поятон гардам, тақсир. Охир ман истаму

пешина
аз 447
навбатӣ