Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
шумо ҳамин корро кунед, майлаш-мӣ? Аз болои кӯрпача гузаред. Аз роҳ монда шуда омадед, нафасатонро рост кунед. Ҳамин замон омада мемопад, ману писарам даст ба даст ин корҳоро мекунем.
— Ҳамаи ин корҳоро шумо кунеду мо бақовули оши тайёр шавем? — пурсид бо лабханд одами куртаи зеҳакдорпӯш, — Худат ҷунбӣ, тайёр кунию пазӣ, таом ҳам болаззат мешаваду ҳам нағзакак ҳазм.
Ин сухан ба ду нафар, яке марди қадпасту харобак, рангзардоб, ришу буруташ сиёҳи чингила, дигар одами танутӯшдори сурхинарӯй, ки аз аспҳо фаромадан замон, ҳар ду дастҳоро ба пушт бурда, қадамзанон аз чӣ хусус бошад, оҳиста-оҳиста сухан мегуфтанд, нафорид. Яке аз онҳо пилки чашмонашро овезон намуда, ҷониби куртаи зеҳакдорпӯш май кашид, дигаре бошад, сахт-сахт сурфаи сохта карда, худро ба ношунавӣ зад.
— Тошхоҷа, шумо чӣ корро ба зимма мегиред? — пурсид куртаи зеҳакдорпӯш аз марди кӯсанамо.
— Чӣ ки фармоед, ҳамонро мекунам, Содирхон, — гуфт ӯ дар ҷавоб.
— Ин тавр бошад, зуд дегро ба оташдон овезед, оташ гиронеду бо оби гарм дегро нағзакак шӯед. Шумо, бародарам, Хоҷӣ, медонам, ки пиёзрезакуниро дӯст медоред. Ана корд, мана пиёз, як қоғазӣ кунед.
— Облоху акбар, — гуфт осиён ҳам бо тавалло ва ҳам гилагузорона.— Як умр шумоҳо ҳамин хел. Ба тавре як нафас рост кунем гуфта, мебиёету аммо ба ҳама кор худатон часпида монда мешаветон. Гардам, Хоҷӣ, шинед, дам гиред, ҳазрат шумо ҳам...
Дар ин асно наъли ба сангҳои лаби ҷӯй бархӯрдани асп ба гӯш расида, ҳама ба тарафе нигаристанд ва як марди қадбаланд, пуррарӯй, дар сар саллаву дар тан ҷомаи абраастардорро диданд, ки савораи аспи майдаи чигарранг ва пешоникашқа меомад.
— Тӯра омад. Юсуфхонро худо зад гуфтан гир, — оҳиста хандид Тошхоҷа.— Вай магар хабарӣ буд?
— Вай ба ин ҷо намеояд. Эҳтимол роҳгузар бошад,—ҷавоб гуфт Содирхони Ҳофиз.— Аммо Юсуфхонро ки дид, барқасди вай мефурояду дилашро то дег барин сиёҳ накунад, намеравад.
— Хуб мекунад. Мон, ки ин рангзардоби дилсиёҳро муддаои табъ аз бед гирифта ба тут занаду дамашро андак паст кунад. Аз ман пурсед, сӯҳбати Юсуфхонатонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё