Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз азоби дӯзах зиёдтар медонам. Мани ин қадар ҷаҳонгаштаю оламу одамдида, қасам ба арвоҳи падарам, ки ин хел одамро надидаам. Мурданивор иззату ҳурматталаб, чиззакию мичинг, — оҳиста хандид Ҳоҷӣ Юсуф.

Аспакӣ фақат ба суфа наздик омада, пиёда шуд. Осиёбон тозон рафта, лаҷоми аспро ба як даст гирифта ва дасти дигарро ба бағали ӯ дароз кард, ки дар фаромадан мадад кунад. Савора нагузошт ва рӯ ба ҷониби марди кӯсанамо овард.

— Шоиру ҳофиз аз ман гурехта халос шуда наметавонед. Намегузорам, ки муштро ба торикӣ занед, — қоҳ-қоҳ хандид Муҳиддинхон, мударриси мадрасаи Нақиб. — Улфати панҷ ланҷ гуфтаанд. Омадам, ки шашум шаваму шуморо аз ланҷӣ вораҳонам.

— Хуш омадед, нури дида, — Содирхон ба қасди Юсуфхон эшон тозон рафта, бо мударрис вохӯрӣ намуду дастҳои худро ба чашм молид, — Марҳамат фармоед, аз боло гузаред.

Аз доной, ҳақгӯй, нотарсии мударрис ҳам муллои номии шаҳр Юсуфхон эшон ва ҳам оқсақоли шаҳр Мирзобаҳодур, ки фақат як нигоҳаш заҳраи одамро мерезонд, метарсиданд. Ҷое ки ӯ бошад, намерафтанд. Аз сӯҳбате ки ӯ ҳузур дошт, ҳазар менамуданд. Чанд бор аз вай Мирзобаҳодур ба сардори уезди Хуҷанд Рубах ва ҷонишинаш Арцешевский шикваву шикоят кард. Хоҳиш намуд, ки ӯро ҳеҷ набошад, аз мударрисӣ маҳрум кунад, ки ҷӯши деги бебокию лоуболиаш андак паст шавад. Боре ба ҳамин мақсад имтиҳони мударрисҳои Хуҷандро гузарониданд. Аз Самарқанд, Тошканд ва Қӯқанд мударрисҳое, ки ба қавли Муҳиддинхон дар сояи саллаашон мардуми як маҳалла нишаста метавонист ва шоир Тошхоҷа шеъри «Саллае ва каллае»-ро ба ҳамонҳо бахшида буд, даъват шуданд.

Агар алломай, аммомаат кист?
В-агар аммомай, алломаат кист?
Ба феъли худ ҳама суннаттарошанд,
Агар суннат нагӯй, мехарошанд...

Ба имтиҳон ғайр аз ҳамаи ин саллаву каллаҳо як олими рус, ки забони тоҷикӣ, арабӣ ва қавоиди дин ва оини мусулмониро аз ҳар мударриси номӣ хубтар медонист, ҳузур дошт. Ҳамаи мударрисҳои дигар муфт

пешина
аз 447
навбатӣ