Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
халос шуданд. Саволҳое ба онҳо дода мешуданд, ки ҳар шогирдпешаи соли сеюми мадраса бе ҳеҷ мушкилӣ ҷавобашон медод. Аммо чун навбат ба Муҳиддинхон расид, саволу масъалаҳое ёфтанд, ки аз қуттии аттор ва аз кӯлвори ҳуққабозе пайдо кардан душвор буд. Муҳиддинхон ба ҳама саволҳо ҷавоб дода, ҷояш омада монад, худ савол дода истинтокгарро чун сағи сӯзанхӯрда ба печутоб меандохт. Чунон ки гуфтанд, дар мунозира ӯро банд кардан муяссар нашуд.
Вақте ки олими рус аз ҷой бархосту дасти Муҳиддинхонро гирифт ва аз рӯи эътикоду ихлос баъди вохӯрӣ ангуштонашро ба ҳар ду чашм молида, сари таъзим ба ҷониби ӯ фуруд овард, вай низ аз рӯи одоб дастҳоро ба сандуқи дил ниҳода, таъзими ҷавобӣ намуда гуфт:
— Каминаи камтарин, дар ин ҷо воқиф шудам, ки ин ҷамоаро барои шармсор кардани банда гирд овардаанд. Лекин миннат ба ҷонам. Хурсандам ки дами шаккокони илму огаҳии ман ба дарунашон афтод.
Замин накафид, ки Мирзобаҳодур, қози Саидаҳмадхон ва Юсуфхон эшон дароянд. Сарашон ҳам шуда монд. Арцешевский ҳангоми хайру хуш оҳиста ба Мирзобаҳодур гуфт:
— Аввал пушту пеши корро хуб наандешидаед. Гап ин тавр нашудааст. Роҳи паст намудани дами як нафар балвогари илм наход магар ҳамин бошаду бас? Ду гувоҳи обрӯманд ёбед, дар зиндон пӯсонам.
— Ин дафъа корамонро дониста мекунем, ҷаноб,— гуфт Мирзобаҳодур сурх шуда, хушомадгӯёна.— Шумо тӯраам, пушту паноҳи мо бошед, аз ҳеҷ кас наметарсем. Илоҳӣ худованд обрӯю мартабаи ҷаноби тӯраамро афзунтар кунад.
Баъди ин воқеа хеле муддат онҳо аз Муҳиддинхон чун соя аз офтоб гурехтанд. Лекин ана ин рӯз куҷое бошад, ҳозир шудани мударрис табъи ҳам оқсақол ва ҳам аммомаи беалломаро беҳад тира гардонд. Сафои хотирашонро аз миён бурд, вале дар чеҳра табассуми мувофиқона дамонда, ба пешвози мударрис чанд қадам пеш ниҳода, ҳолпурсӣ карданд. Мударрис гӯё ҳамаи нифоқу кинаҳоро аз ёд бароварда буд, ки ҷони рақибонашро гирифта, таъзим намуда, дасташонро фишурд. Ҳоҷӣ Юсуф, Содирхони Ҳофиз ва Тошхоҷа Асирӣ бошанд, тозон рафта, самимона ӯро пешвоз гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё