Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
танд. Содирхон аз бағалаш гирифта ба суфа баровард. Ҳоҷӣ Юсуф чолокона ҷомаашро гирифта, ба шоҳи дарахт овехт. Шоир ба болои кӯрпача боз як кӯрпачаро дуққат карда кушоду ҷой ба ӯ нишон дод.
— Хуш омадед, таксир.
— Хушвақт бошед. Ҳавсала кардаед? — пурсид Муҳиддинхон.
— Аз дасти гармӣ гурехтаму дар ин ҷо ҳам аз вай он қадар халосӣ нест.
— Не. Ношукрӣ накунед, шоир. Шаҳр регзори туркман барин месӯзад,— гуфт мударрис.— Мардум ҳама худро ба хонаҳо заданд. Аз кӯчаи Қунғуроқсозон то баромади Чеҳрабек ягон ҷонзодеро надидам,— мударрис нишасту даст ба рӯй кашид.— Омин, бираҳматика я арҳамар роҳимин.
— Хуш омадед.
— Содирхон, танбӯратон наменамояд?— пурсид аз ӯ Муҳиддинхон.
— Аз ёдам баромадааст,— шӯхӣ намуд ҳофиз.— Хайр, як рӯзро бедингир-дингир гузаронем, чӣ шудааст?
— Ана гапу мана гап! — хитоб намуд мударрис.— Ба сӯҳбате ки ҳофиз бошаду бе дунгур-дунгур, дингир-дингир...
Ҳама баробар хандиданд. Ҳатто Юсуфхон эшон, ки ҳанӯз дар кӯча бо Мирзобаҳодур гӯё гарми сӯҳбат буд, даҳон инҷ накарда натавонист ва рӯ ба тарафи дигар гардонд.
— Содирҳони бетанбӯрро ман мебудам, ба оши худой ҳам хабар намекардам,— гуфт Асирӣ базлагӯёна,— ба мехи айвон назар кунед, таксир. Тӯтии хушгуфтори Содирхон даруни латта дамаш гашта истодааст. Ҳофиз, чӣ мешавад, ки вайро аз халта берун кунед?
— Ҳозир омадему аллакай ба хондан андозед, ҳоли ман то бегоҳ чӣ мешавад, шоир?
— Ақаллан сабзию пиёзро резаю гӯштҳоро пора карда, ба дег андохта гирем, баъд хондан бошад, гурехта немеравад. Аввал нону баъд имон гуфтаанд. Аввал ғами ишкамро хӯрем.
— Хок бар сари ишкам! — даст афшонд Асирӣ.— Ба ман мегузоштанд, ҷои нону имонро иваз мекардам. Базме ки бемуғаннист, бадтар аз байтулҳазан. Бе шумо, Содирхон, базму сӯҳбат наметасфад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё