Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Бе худи ман?
— Воллоҳ, ки хато кардам! — хандид Асирӣ ва рӯмолча гирифта оби чашмро пок кард.— Ман ҳофизиатонро дар назар дорам. Вагарна худи шумо қимати танбӯратонро низ надоред.
— Офарин, офарин! Саъдӣ бечиз нагуфтааст:
Мискин хар агарчи бетамиз аст,
Чун бор ҳамекашад, азиз аст.
— Қасам ба арвоҳи Саъдӣ, ки муқоиса басо номувофиқ! — даст дар гиребони худ шоири аз гуфтапушаймон узрхоҳӣ ва ногоҳ хушҳолона хитоб намуд! — Ана Худои меҳрубон Яъқубҷони фарангро бо фарангзодааш расонд. Акнун дегу оташдонро ба дасти ӯ месупорему мехонем, месароем ва мешунавем.
Ҳама ба ҳамгашти роҳ нигариста, Яъқубҷони савора ва писари ӯ Охундҷонро пиёда диданд, ки сӯяшон меомаданд. Осиёбон, ки то ин вақт ҳамаи корҳоро кардани шуда, дар амал ягонтоашро ҳам ба охир намерасонд, аз пайдо гардидани ояндагон шод шуда, тозон ба пешвоз рафт. Яъқубҷон аз дур пиёда шуду ресмони маркабро ба дасти писараш дода, аз як сар ба ҳама нигоҳ кард ва чун чашмонаш ба Мирзобаҳодуру Юсуфхон эшонон афтод, филфавр қиёфааш ҷиддӣ ва ғамгин шуд. Ӯ дастҳоро ба рӯи сина гирифта, аввал ба ҳама саломи умумӣ дод ва баъд омада ба ҳолпурсӣ даромад.
— Хуш омадед, — гуфт баъди нишаста омин кардани Яъқубҷони фаранг Содирхон. — Ман ба сари оташдон раваму аз паи шӯрбопазӣ шавам гӯям, ҳазратам аллакай дилашон ашӯла ҷуста, ду поямро ба як мӯза ҷо карда истодаанд.
— Хуб кардаанд. Як шӯрбопазӣ бошад, ману писарам мекунем, — Яъқубҷон боз як бори дигар даст ба рӯй кашида, аз ҷой бархост, остинҳои куртаи суфи сафедро, ки доманаш аз зопу поён буд, барзаду ду дастархони гӯшту равған ва пиёзу сабзӣ печондашударо бардошт. — Рухсат шавад агар, ман инҳоро ба пеши ошдон барам.
Гӯё ба омади Яъқубҷони фаранг нигарон буд ҳаво, ки насиме бархоста, чавконҳои то ин дам ночунбони бед ва шохаҳои сафедорро ба ҷунбиш овард. Бӯи пудина аз канораи ҷӯйҳо, бӯи хоки тафсоп аз майдони ғӯзаи рӯ ба рӯи осиё ва бӯи хоки обпошидашударо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё