Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
машом овард. Аз шохҳои дарахтони болои сар ва дуртар аз он ку-куи мусичаҳо, чиг-чиги ғунҷишкон, муртазоғӯи фохта ва чархресии чархресаку валфаҷрхонии парасту ба гӯш мерасид. Алалхусус хондани зардгулдор ҳоло ҷолиби диққат буд. Нарринаи он аз дарахте «Духтари сӯфӣ биё» — гӯён хитоб менамуд ва овози модаи он аз дарахти дигар меомад, ки «ту биё» мегуфт. Чӣ паррандаҳои аҷибе ҳастанд! — аз дил мегузаронд Асирии паррандадӯст, ки пагоҳон чашм аз хоб мекушоду рост аввал ба назди қафасҳои фохта, тӯтӣ, кумрӣ, тӯркадуи бедонаҳо меомад, обу донаашон медоду дар лаби суфа нишаста, аз хонданашон нашъа мебурд. Ӯ калхоте ҳам дошт, ки парронда, як болашро шикаста оварда, табобат карда, ба қавли худаш, дар сарири бордони ғалла ҷо додааст, ки посбонӣ кунад.
Ба марги он шоир чӣ марсияи аҷибе навишта буд:
Оҳ аз дасти аҷал, гаштӣ адо, калхотакам,
Мурдию рафтӣ зи дунёи фано, калхотакам.
Ҳар қанотат бар сари ман соябони ноз буд,
Кам набудӣ дар шарофат аз ҳимо, калхотакам.
Бар шикорат умрҳо муше намеомад ба чанг,
Лек тухми баққаро кардӣ адо, калхотакам,
Баҳри истиғфор бар рухи малоикпайкарат.
Мекунам ҳар ҷумъаю шанбе дуо, калхотакам.
Хуши шоир ҳозир ба духтари сӯфиро ҷеғзании заргулдор ва ширадории овози ӯ банд буд. Агар аз чӣ иборат будани хӯроки ин ҷонварро кас медонит ва дар қафас нигоҳ медошт, аз тӯтӣ ҳам хубтар сухан ёд мегирифт ва овозаш бошад, қариб ба овози одам мемонад — мегуфт худ ба худ ӯ, ки ин вақт номи худро шунида, қариб як қад парид:
— Тошхоҷа, аз сарат гардам, ягон чизи нав машқ карда овардӣ ё не?— пурсид мударрис.— То Содирхон танбӯрашро соз мекунад, ки ним рӯз мегузарад. Модом ки шӯрбопаз бо пои худ омаду аз ин ташвиш ҳамаро халос кард, биёед, шинему шунавем.
— Хуб шудааст, тақсир, ба чонам.— Асирӣ дар рӯ ба рӯи Муҳиддинхон зону таҳ карда нишаст ва аз кисаи курта чанд варақ қоғази чорқату ғиҷипро берун оварда кушод.— Намедонам ба ҷаноби шумо маъқул мешавад ё не. Шеърҳои нав.
— Шумо, Тошхоҷа, то ин дам шеъри номақбул нагуфтаед

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё