Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ва минбаъд ҳам аминам, ки намегӯед, — Содирхон танбӯри аз ғилофаш берун овардашударо хобонда ба паҳлӯяш гузошт. — Шумо мақбули хосу ом ҳастед.
— Шояд мақбули ом бошам, — Тошхоҷа аз рӯи одат манаҳро даст-дасткунон як тори ришро байни ду нохун гирифту канд. — Вале дар писанду мақбулӣ ба хосон иштибоҳ дорам.
— Он хосон, ки шумо мақбулашон наед, ҳасадхӯронанду нотавонбин, — овози ширадори худро баланд намуд мударрис. — Ба ҳалқаи маҳфил марҳамат, ҷанобон. Аз Тошхоҷа дархост памудем, ки чизе бихонанд. Марҳамат фармоед.
Мирзобаҳодур ва Юсуфхон эшон ба суфа баромаданд. Ин вақт осиёбон ҳам, ки ба ҳавлиаш даромада рафта буд, дар китф дастархон, дар як даст лаълии пури шафтолу ва ангур, дар дасти дигар лаганди нон берун омад. Содирхон аз китфи вай дастархонро гирифта, дар миёна кушод ва ба димоғи ҳама бӯи нони гарм расид. Осиёбон боз тохта рафта, чойпаки калон ва чанд пиёларо гирифта омада, ба лаби суфа гузошта, «меҳрубон шаванд»-гӯён бо чашмони мижгонаш гардолуд ба дастархон ишора намуда, рафтаӣ буд. Содирхон боздошт.
— Уко, дар осиё ягон каси дигар ҳам ҳаст?
— Чӣ буд, тақсир? Дастёрамон ҳаст.
— Ин тавр бошад, шинед. Шунавед, тақсират байт мехонанд.
— Ба ҷонам, — гуфт осиёбон. Зонуи адаб ба лаби суфа заду монанди каси дар намоз ду каф ба рӯи зону ниҳода чашм ба Асирӣ дӯхт.
— Рухсат? — ба ҳама рӯй овард Асирӣ ва андак сулфида, гулӯ тоза намуд:
Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Асирӣ аз рӯи одат байти аввалро такроран хонда бо гӯшаи чашм ба Мирзобаҳодур нигарист. Чашмон ба ҳам вохӯрданд. Оқсаққол бо рӯмоли васеъ, ки дар даст дошт, арақи рӯи калонашро пок намуда, баъд чун бодбез онро чарх занондан гирифт. Юсуфхон эшон бошад, ҳамчун мунтазири чӣ гуна нохушие ба изтироб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё