Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

афтода буд, ки нишасташ ба худаш маъқул нашуда, ба ҷунбиш даромад. Шоир ба сатрҳои дигар гузашт:

Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,
В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан,
Хешро дар шоҳроҳи факр афкандан ба хок,
Дар тариқи фоқа худ аз хок камтар доштан.

— Илоҳӣ ба ҳазор дароед! — гуфт Содирхон мутаассир шуда.— Чӣ шеъри баланде гуфтаед!

Асирӣ баъзе сатрҳоро такроркунон мехонду чеҳраи Юсуфхон эшон торафт тиратар мегардид. Гурги борондида Мирзобаҳодур чунин вонамуд мекард, ки шеър ба ӯ таъсир намекунад. Ҳоҷӣ Юсуфи то ин дам хомӯш бошад, гӯё сатрҳоро такрор менамуд, ки дар зери бурутҳои ғафс лабонаш меҷунбиданд. Яъкубҷони фаранг, ки писарашро аз ҳезумшиканӣ боздошт, оҳиста ба лаби суфа нишаста, сар ба тасдиқу алҳақ мечунбонд. Осиёбон намоён буд, ки маънии шеърро дуруст намефаҳмад. Ӯ гоҳ ба ин, гоҳ ба он нигоҳ ва кӯшиш мекард, ки худро шеърфаҳм нишон диҳад. Ин вақт шоир ба миёнаи шеър расид:

Оҳ аз ин ҷинси наҷосаттинатони зӯҳдкеш,
Ҷуз ба оби теғ натвонӣ мутахҳар доштан.
Анкабутонанд ҳангоме ки гиранд эътироф,
Сайди мазлуме ғараз дар зери чодар доштан.

Юсуфхон эшони ба қавли Ҳоҷӣ Юсуф мичинг ба
мичинг-мичинг сар кард.

— Ҳар фарде ки дар замони мо шаш қофия ёфта, як ғазал гуфта метавонад, мутаассуф аз гиребони зоҳиду зӯҳд мегирад.

— Лекин маъзур медоранд, тақсир, Тошхоҷа Асирӣ аз он фардҳо нест, ки фақат шаш қофия ёфта, як ғазал гуфта бошад, — сухани ӯро бурид Ҳоҷӣ Юсуф.

— Ашъори ишқии тоҷикӣ ва туркии ӯро чӣ меномед? — Муҳиддинхон дегвор ба ҷӯш омаду шоирона ғазали Асириро сар кард:

Гар чунин ҷӯшад бурун тӯфони об аз чашми ман,
Метавон гуфтан фалакро як хубоб аз чашми ман!
Ду ҷаҳон қаҳру ғазаб гарми итоб аз чашми ту,
Сад чаман шабнам гулоби истироб аз чашми ман,

— Инро мо ҳам медонем,— ба тарафгирии Юсуфхон эшон кӯшид Мирзобаҳодур.— Ҳазрат марҳамат мекунанд,

пешина
аз 447
навбатӣ