Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ки бузургонро одоб бояд. Беадабӣ бузургонро нашояд.

— Алҳақ! — гуфт «ҳ»-ро аз халқ бароварда Юсуфхон эшон. — Зӯҳдкашон муқаррабони даргоҳи илоҳӣанд. На унсу улфати дӯзандаю пазанда ва ҳзумкашу деҳқони пошнапаҳн. — Ӯ тири таънаро ба сӯи шоир равона менамуд, ки улфатҳояш мардуми бечора буданд.

— Агар онҳо намебуданд, мо уламою фузало ҳама аз гуруснагӣ мурда мерафтем, — гуфт шоир.

— Қадоме, дар хотирам намондааст, «раззоқи одамӣ деҳқон» гуфта дар куҷое саҳл монда буд аз сангсори мусулмонон ҷон ба ҷаббор супорад... — пичинг намуд мичинг ба ҳуҷуми ҷоҳилонае ки дар Нов ба мударрис шуда буд, ишора карда.

— Ҷоҳилони носипос магар дар ҷаҳон каманд? — пурсид мударрис. — Худованд аз тобдони хонаи ягон мулло ва ягон мударрис халтайин ягон гандум ё ҷавро напартофтааст.

— Астағфируллоҳ ал азим! — гиребон ба даст гирифт Юсуфхон эшон. — Аз забони мударрис чӣ мешунавем?

— Парвардигори олам, ки ҳақтаоло номем, ҳақгӯйро дӯст дорад, — мударрис ба ҳимояи номи худо худро гирифтанӣ шуд, то асбоби ғайбату бӯҳтони нав нагардад.

— Як бор ба гапи ман ҳам дароед, — таъзимкунон хоҳиш намуд Яъқубҷони фаранг, ки ранги ҷиддӣ гирифтани мунозира ӯро ба ташвиш андохт. — Якто ашӯла шунавем. Аз хоки поятон гардам, ҳофиз, ягон чиз хонед.

Содирхон низ гӯё маътали чунин таклиф буд, ки
зуд нохун ба торҳои танбӯр заду навҳа кашид:

Ошиқон то зинда мегӯянд, дод аз дасти ёр!
Ҳарфи хуш нашнида мегӯянд: дод аз дасти ёр!
Тору танбӯрам, ки менолад дар ин шабҳои тор,
Дар сари ҳар парда мегӯянд: дод аз дасти ёр!

Ҳама ба таҳсину офарингӯй даромаданду лекин гургоштӣ бедавомат ва якдамина буд. Шояд худ нафаҳмидаву наандешида Содирхон баъд ба хондани Хайём шурӯъ намуд:

Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

пешина
аз 447
навбатӣ