Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
— Зиндӣқ! — аз даҳони Юсуфхон эшон баромада монд.— Бас кунед, нахонед, Содирхон, ки гуноҳ аст.
— Кӣ зиндӣқ асту чӣ гуноҳ? — аз ҷояш нимхез шуд Асирӣ.— Агар Хайём зиндӣку хондани ашъораш гуноҳ аст, ман аз мусулмонӣ гузар кардаму ба баҳри гуноҳи ӯ ғарқ шудам. Афсӯс намехӯрам.
— Ман ҳам бо ту ҳастам, шоир! — гуфт мударрис ва рӯ ба Юсуфхон эшон овард.— Аз пушти кӣ мепарӣ, ба ман гӯй! Аз пушти ҳамон бобоят Шайхмуслиҳиддин, ки ходаи думи кӯтосро ба сари қабраш рост кардаеду ҷамаатонро гадо кардааст? Хон, Содирхон.
Юсуфхон эшон тохта аз ҷой бархост. Рангаш зиёдтар парида буд. Лабҳои тунукаш пир-пир мепариданду бурути ба риш омехтаи ӯро ба ҷунбиш меоварданд. Раъшаи баданаш ҳис карда мешуд. Ба пӯшидани кафши сарипой, ки иваз карда пӯшид, хеле овора шуд. Тозон рафта, камзӯл аз меҳ гирифт ва ба рӯи дасти чап гузошт. Салларо ба сар монд. Осиёбон аз ин қаҳру ранҷиши мулло бехабар аз паси ӯ медавид.
— Тақсир, наравед, чӣ гап шуд, тақсир?
— Аспро кушода биёред,— фармуд ӯ ба вай ва хоҳиши Мирзобаходурро, ки ӯро боздоштанӣ буд, рад кард.
— Оҳирзамон мерасад, ҷаноби оқсаққол. Ин чӣ ҳодиса? Ҳофиз шеъри Хайёми зиндӣкро ба мақом медарораду мударрис ба вай офарин мегӯяд. Алҳазару тавба! Оё намоз нахондан, рӯза нагирифтан, папирос кашидан барои ҷаноби шоир кифоя набуд, ки ошкоро аз баҳри мусулмонӣ гузар кардам мегӯяд! Ҷаноби оқсақол ба гӯши худ шунидед, бо чунин касон сӯҳбат оростанро ба худ ор медонам.
Ҷавоби аблаҳон бошад ҳамӯшӣ мегуфтанд, акнун магар мударрису шоир, ки ба нешу наштарзаниҳо ҷавоб нагардонда, алами муллоро дучанд намуданд.
— Маро маъзур доранд, ҷаноби оқсаққол. Рухсат диҳанд, ки равам,— гуфт ӯ.
— Ман ҳам меравам.— Мирзобаходур низ камзӯл пӯшида, ба Ҳоҷӣ Юсуф рӯй овард.— Ба хона як меҳмон омаданаш даркор. Агар фурсат ёбед, баъди намози шом ба хонаи мо марҳамат фармоед.— Ӯ як навъ бо мударрису шоир низ хушбошед кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё