Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Пас аз рафтани ду сутуни калони шаҳр — сутуни дину давлат сӯҳбат хеле вақт натасфид. Лекин вақте ки ҳофиз паи ҳам панҷ-шаш суруд сароида, зангӯлаи овози дилнавозашро ба ҳар сӯ паҳн намуд, дар поёни суфа чоряккорону саркорони атроф, боғбонон, бачағуломи бисёре ва дар қафои деворҳои боғ зану духтарон ҷамъ шуда, хомӯш менишастанд ва гоҳ-гоҳ «барака ёбед» — офарингӯии шоир, мударрис, Яъкубҷони фаранг ба гӯш мерасиду бас. Будан ва қаҳр карда рафтани муллою оқсаққол гӯё фаромӯш шуд. Содирхон барои фурсате дам гирифтан, вақте ки хараки танбӯрро хобонда, онро ба паҳлӯяш гузошт ва пиёлаи кояш хунукро ба даст гирифт, Асирӣ аз ҷой бархост.
— Аз нафаси гарми ҳофизамон гардам, қурбонат шавам, ҳофиз! — бонг зад ӯ.— Он қадар одам ҷамъ кард, ки барои намози ҷумъа дар масҷиди мазори бобокалони Юсуфхон эшон ин қадар одам ҷамъ намешавад. Иғроқ мапиндоред, ҷаноби Ҳоҷӣ. Дар масҷид калонсолон ҷамъ мешаванд. Вале ин қадар бачагонро аз куҷо меёбед? Ман аминам, ки дар паси ин деворҳо зану духтарони бисьёр ҳам ҷамъ шудаанд, ки алломаи шаҳр аз паси девор ҳатто овозбарории онҳоро гуноҳи азим мешуморад. Маҳфили аҷоиб ороста шуд. Рухсат диҳед, ҷаноби Ҳоҷӣ, чанд шеъри нав машқ карда дорам, ки ба ин мардум хонда диҳам.
— Хуб мекунед,— гуфт Ҳоҷӣ Юсуф.
— Қошкӣ,— гуфт Яъкубҷони фаранг.
Вале чоряккорон, боғбонон, раҳгузарон, ки дар умрашон ягон бор шоиреро надида буданд, ки дар ҷамъомаде маддоҳона бархоста, шеърхонӣ кунад, ҳайрон ва хомӯш буданд ва фақат лаби таҳсин мегазиданд. Асирӣ аз кисаи камзӯл дафтареро гирифту ба рӯи суфа баромад. Саҳифаеро ҷуста ёфт ва ҳозиронро аз назар гузаронд. Овози баланд бошад ҳам ширадор, батаъсир аз дарун гулдуррос зада мебаромад. Шоир аз як ғазал ба ғазали дигар мегузашт. Мударрис ришро ба қабза гирифта, чашм пӯшида сар ба тасдиқ меҷунбонд. Ҳоҷӣ Юсуф алҳақгӯй мекард. Яъкубҷони фаранг «илоҳӣ ба ҳазор даро» гӯён оби дида менамуд. Охундҷон мафтун ва ҳайрон даҳонаш во дар лаби оташдон ба рӯи кундае менишасту оташдонро аз ёд бароварда буд, ки дар он чизе дарнамегирифт. Аз ҳама зиёдтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё