Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
онҳое дар аҷаб буданд, ки дар паси деворҳо менишастанд ва аз сӯрохиҳо пинҳон-пинҳон менигаристанд.
— Дар умрам як бор аз бозори Панҷшанбе гузаштаравон, дар чорраҳа бегоҳирӯзӣ маъракагирии маддохро дида будам,— мегуфт пиразани бедандон, ки суханҳояш аз даҳон фарт-фарт берун мешуданд.— Як нафас истода, аз ваҳми гӯру қиёмат, ки маддоҳ ба пеши назарам овард, зада гурехтаму чанд шаб баъди ин хобҳои хазонрезро дида, як қад-як қад парида бедор мешудам. Аммо намедонистам, ки эшони Тошҳоҷа ин қадар ширинзабон будаанд. Падари раҳматиам мегуфтанд, ки шоир ҳам валию авлиёҳо барин як одам.
— Валӣ набошанд, ин қадар гапро аз куҷо ёфта мегӯянд? Бобоям мегӯянд, ки Хоҷа Камол ҳам шоир будагӣ,— ба сухан ҳамроҳ шуд ҷавонзане, ки дар лаби ҷӯй нишаста, пойҳояшро ба об андохта кӯдакро мемаконд.— Аммо сониҳо ин шайхҳои чалпакхӯр он касро ба валигӣ бароварданд.
— Шаккок нашавед, келинҷон,— пиразан лаб газида, сарашро ҷунбонд! Ҳамин Тошхӯҷа эшон ҳам аз ҷумлаи валиҳо.
Боз Содирхон чанд суруди дигар хонд. Ин вақт офтоб ба тарафи ғарб хамида, суфа сояофтоб шуда буд. Гилему кӯрпачаҳоро ба ҷониби дигари ҳавзи шаршара гирифтанд ва Яъқубҷон ба ҳар кас нимкосагӣ шӯрбо ва дар як табақи калон теппа гӯшту сабзӣ кашида омад. Оби шӯрбо бо равғани гӯштҳо ҳамранги сабзӣ шуда буданд. Осиёбон ва чанд нафар чорёккоронро ба ҳолашон намонда, ба таом даъват карда омаданд, ки онҳо худро ба ин сӯҳбат чун дар рӯи як банд хор ногувор ҳис менамуданд ва намедонистанд, ки таомро чӣ тавр хӯранд.
Дар осмон абрҳо пайдо шуда, ҳаво дам шуд. Акнун барге аз дарахтон намеҷунбид. Магасҳо, хомӯшакҳои сафедпар пайдо шуданд, ки беовоз омада нишаста, мегазанд ва ҷои газидаашон ба хориш медарояд.
Деҳқонон ба пеши хару аспҳои меҳмонон алаф оварда партофтанд. Осиёбон аз хонааш чанд лӯлаболишти махсуси меҳмон ҳанӯз дошта нашудаи ҳаррангаро баровард, ки баъди таом онҳо осоянд. Лекин ин дер давом накард. Асп давонда як одами оқсаққол омаду ба Ҳоҷӣ Юсуф аз зери тӯппии худ коғазеро бароварда дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё