Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
«Ҷаноби Ҳоҷӣ Юсуф. Маъзур медоранд, ки бесобита мекунам. Ҷаноби шумо зарур шуда мондед. Дар хона чанд нафар мунтазири шумоем. Аз маҳкамаи Фазилатмаоб ҷаноби Рубах ҳам касе ҳаст. Филфавр омадани шуморо хоҳишмандам.
Мирзобаҳодур».
Ранги Ҳоҷӣ Юсуф тағйир ёфт. Асирӣ, ки такя ба лӯлаболишт карда мехобид, бархосту тозон аз суфа фуромад.
— Чӣ гап, Ҳоҷӣ?
— Оқсаққол? Ғалатӣ. Ба ин зудӣ? — пурсид мударрис ҳам бархоста.— Ин тавр бошад, мо ҳам меравем. Охундҷон, аспро кушода биёр.
— Ғундоштану бор карда бурдани ҳамаи лашу лушҳо, устои азиз, ба гардани шумо, — гуфт Ҳоҷӣ Юсуф ба Яъқубҷон. — Чӣ чизҳо аз мою чӣҳо аз инҷо, осиёбон медонанд. Хайр то дидан.
Мударрис ба аср, Асирӣ, Ҳоҷӣ Юсуф ва Содирхон ба харҳояшон савор шуда, лаб-лаби ҷӯй ба роҳ даромаданду осиёбон, Яъқубҷони фаранг ва писари ӯ, ки мунтазири чунин анҷомёбии сӯҳбати имрӯза набуданд, аз қафо нигоҳ карда монданд.
— Ҳоҷӣ, шумо чӣ гумон мекунед? — пурсид мударрис.
— Ба андешаи ман, — ба ҷои Ҳоҷӣ Юсуф ҷавоб дод Асирӣ, — Ҳоҷиро ба ягон кори дигар даъват мекунанд. Ягон гапи дигар шояд бошад.
— Ба хаёли ман ҳам ҳамин тавр, — тасдиқ намуд мударрис. — Тавонанд, ману шуморо хом мехӯранд, вале дасташон кӯтоҳ. Аз мардум метарсанд. Ба ҳар ҳол ҳамроҳатон равем Ҳоҷӣ?
— Ҳаргиз не. Тошҳоҷа дуруст мегӯянд, ягон гапи дигар баромадагист, — дилдорӣ дод Ҳоҷӣ Юсуф.
— Ман бегоҳӣ ба хабаргирӣ меравам, — гуфт Содирхон. — Шумо дар ҳавлӣ мешавед?
— Ман ҳам меоям, — гуфт мударрис. — Баъди шом.
— Хайр. Модом ки ҳар се меоед, ба сари як паловча об мерезем, — ҳазл кард Ҳоҷӣ Юсуф ва ба гардани хари баланду бардами хокистарранг нӯги тези халачӯбро расонда, пошно ба ишками вай зад, ки тезтар роҳ гардад.
Савораҳо ҳанӯз ба шаҳр нафуромада буданд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё