Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

садои пои ҳари чорҳеза гирифтае ба гӯш расид ва аз қафо Бобохоҷаи саҳҳоф, шинос ва ошнои ҳамаи савораҳо расида омад.

— Акнун минбаъд гап ҳамину саҳробарои пинҳонӣ бошад, мо корамонро дониста мекунем, — ҳазл намуд ӯ баъди салом ва ҳари баландашро байни ҳарҳои дигар даровард.

— Шукр кунед, Ҳоҷӣ, — гуфт Асирӣ, — ки дар сӯҳбати имрӯза набудед. Зеро маҳфилорои имрӯзаамон ҷаноби Юсуфхон эшон буданд...

— Шуд-шуд. Яке ба ҳазор розиам, ки набудам. Дар сари осиё рӯзро гузарондед?

— Ҳо, дар ҳамон ҷо. Аммо ҷаноби заккуму зардоб ҳама ҷоро монанди кунғузи бадбӯй тосондаву пӯсонда рафтанд.

— Рост мегӯед «Мулло не, бало!» — гуфт саҳҳоф. — Дирӯз оятеро ба ҷамоате маънидод мекард. Қасам ба ҷонатон, аз шарм замин накафид, ки дароям. Аз пушти ҳазрати қиблагоҳиаш мепарад. Устухоне аз вай аммо хок нашуда намондааст.

Гирам падари ту буд фозил,
Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?

— Баҳ-баҳ, чӣ хуш гуфтааст! — сар ҷунбонд Асирӣ ва илова намуд. — Дар ин маъно ҳазрати Низомӣ низ хуб фармуда:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?
Падари хеш бош, агар мардӣ!

Савораҳо бо кӯчаи Ғозиён ба дарвозаи Чӯянчӣ омада, дар маҳаллаи Таҳти Тутикалон аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳоҷӣ Юсуф ба кӯчаи Оғолуқон даромада рафт. Асирӣ, мударрис ва Содирхон то чақари Шайхислом ҳамроҳ омаданд ва дар ин ҷо мударрис хайрбод кард. Асирӣ то кӯчаи Муллоибод ба Содирхон ҳамроҳӣ намуд. Вай бошад, аз бозори Панҷшанбе, Чорраҳа, аз кӯчаи Чуғурчуқон гузашта, ба чоркӯча расида, ба тарафи чап сари ҳарро тофт, ки пеш кӯчаи Қушбегӣ мегуфтанд ва ҳоло номи худи Содирхони Ҳофизро дорад.

Ҳама ба намози хуфтан даромада буданд, ки ба ҳавлии беруни калони Ҳоҷӣ Юсуф пасу пеш дӯстонаш даромада омаданд. Аз чеҳраи Ҳоҷӣ намоён буд, ки шод аст.

пешина
аз 447
навбатӣ