Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Хуб кардед, ки омадед, ҳофиз,— ба Содирхон таъзим намуд Ҳоҷӣ. — Наемомадед, одам мефиристо-дам.
— Магар меҳмонҳоятон ҳастанд?
— Меҳмони азиз худи шумо,— хушҳолона гуфт Ҳо-ҷӣ Юсуф.— Маро ба Петербург мефиристанд.
— Ё раббӣ! — хитоб намуд мударрис.— Ба Петер-бург барои чӣ?
— Дӯстам, ҳеҷ ташвиш накашед. Ҷашнгирии се-садсолагии тахтнишинии хонадони император мешу-дааст у сардори уезд Рубах ба ҳамин тантана аз мусул-мони шаҳри Хуҷанд фиристодани маро раво ди-дааст.
— Мирзобаҳодур оқсаққол худашро шояд аз алам тофта-тофта гирад,— гуфт Асирӣ ҳам аз хабар хур-санд шуда.— Бигузор аз ҳасад даргирад, сӯзаду хокис-тар шавад.
— Хӯш, ин албатта хушхабару лекин ман барои чӣ даркор шудам,— пурсид Ҳофиз.— Оё барои дилхушии тӯйхӯрон маро ҳам бо худ бурдани нестед?
— Худи шуморо-ку, не,— мад кашид Ҳоҷӣ Юсуф,— як миёнбанди нукракӯби шуморо бурдани ҳастам, ки замоне ҳамин оқсақколи шаҳрамон ба шумо гӯё инъ-ом кардаанд.
— Яъне Мирзобаҳодур?
— Ҳо, ҳамин тавр, Ҳофиз.
— Истед-истед,— Содирхон даст ба пешонӣ бурда, хандид.— Мирзомироншоҳ писари Темурланг, ки аёла-ти Озарбойҷонро аз ҷониби падараш доштааст, албат-та барои шӯҳрату номбарӣ, сӯҳбату ғазалҳои Хоҷа Камолро гӯё писандида, камарбандашро ба ӯ инъом кардааст. Воқеаҳои аз сари он камарбанд гузаштаро худатон медонед, ки ҳоҷати баён нест. Рӯзе дар як сӯҳбати ҳавлии оқсаққол ман ба меҳмонони аз Фарғо-на ва Қашқар омадаи вай ашӯла мегуфтам. Фарғона-гӣ-ку як навъ мефаҳмид. Қашқарӣ аз куҷо мефаҳмад, ки ман чӣ мехондам? Фарғонагӣ, ки ба ман ҷома пӯ-шонду қашқарӣ як хӯрчини пат инъом кард, оқсаққо-ли мо ҳам «кал аз кӣ кам?» — овоза шудан даркор, аз миён миёнбанди нукракӯбро шарти кушоду ба пешам монд. Хайр, гуфтам ба дилам, аз хирс мӯе гирифтаму бурда ба модари бачаҳо додам. Ҳозир ба ёдам омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё