Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Лекин ягон бор напурсидаам, ки вай дар куҷост. Айи-ли асп барин тасмаи паҳнро ғайри оқсаққол кӣ мебандад мегӯед? Хӯш, ин миёнбанд чаро даркор шуд?
— Ман дар ҳузури Рубах будам, — шарҳ дод Ҳоҷӣ Юсуф.— «Шумо одами ҷаҳондида ва аз ҳама муҳимтариш забондон ҳастед. Забони русро медонед ва як бор ҳам дар ҳузури император будед ва мушарраф ба инъоми вай шудаед. Аз ин рӯ, мо ба қарор омадем, ки ба ин чашигирӣ шуморо фиристам. Намояндаи мусулмонони тумани Хуҷанд. Шарафи олист, ки шумо ба солонаи сесадӯми ҳукмронии оилаи бо шаъну шукӯҳ ва шараф ва ҳашамати Романовҳо иштирок менамоед. Лекин шарт ҳамин, ки сару либоси ба ин тӯй муносиб ва мувофиқи худатон, яъне либоси миллӣ меёбед»... Фармуд, ки пагоҳ ҳамон либосҳои ҷашнпӯши худро аз назари кимъёасари туманпаноҳ гузаронам. Омада бӯғчаҳоро тит карда, як ҷомаи кундали зардӯзӣ пайдо кардам. Мӯзаи хуб дорам. Саллаи симобӣ ҳаст. Аммо миёнбанд нест. Оқсаққол дар ҳамин вақт воқеаи камарбандашро гуфт. Ҳоло агар намеомадед, одам мефиристодам.
— Яъне давида рафта биёрам?
— Кошкӣ ҳофизи азиз, савора меравед?
— Майлатон. Ҳар чӣ хаёл намешавад, — розӣ шуд Содирхон ва ҳанӯз ягон соат аз миён нагузашта, миёнбандеро ба рӯмоле баста, ба бағал андохта омаду ҳанӯз аз берун хушхабар дод:
— Хайрият, Ҳоҷӣ, дар сандуқ будааст. Барои халосӣ аз сандуқ дар ҳаққи шумо дуо мекунад.
Рӯмолро кушода, миёнбанди нӯкракӯб, саводкорию мурассаъро берун оварданд.
— Кори кӣ бошад? — шоир ба даст гирифта ин тараф он тарафи камарбандро аз назар гузаронд ва ба саволи худ ҷавоб ёфт.— Амали Усмонзаргари худамон. Ҳофиз, ана ин гулро тамошо ва ба ин барг як таваҷҷӯҳ кунед.
— Баргаш ба хат монанд, — гуфт ҳофиз ва ба Ҳоҷӣ Юсуф дароз кард.— Бинед, эшони Ҳоҷӣ.
— Оббо шоҳбозе! — тандеҳона хитоб намуд Ҳоҷӣ Юсуф.— Ба ин барг номи худро чунон устоқорона даровардааст, ки оқсаққол он тараф истад, улфаташ алломаи Хуҷанд Юсуфхон эшон ҳам, ман аминам, вайро кашф карда наметавонад. Бинед, аз дигар баргҳо як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё