Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
зарра фарқ надорад, зеҳн намонед, пай ҳам намебаред. Эй, дар ин ҷо киса ҳам доштааст. Шояд оқсаққол ягон ришваи калонро оҳиста дар он пинҳон ва фаромӯш карда бошад. — Ҳоҷӣ Юсуф ба кисаи пушти миёнбанд ангуштонашро тиққонда, коғазеро баровард. Чашмони ангиштосо сиёҳашро кушода лаб газид: — Во аҷабо! Фолам дуруст баромад. Нигоҳ кунед, даҳсӯмӣ! Наход даҳ сӯмро монаду аз ёд барорад? Ё инро худатон монда бу- дед?
Мударрис, шоир ва ҳофиз ба чашмҳои худ бовар накарда, даҳсӯмии шақарросиро навбат ба навбат ба даст гирифта, ин сӯ он сӯяшро медиданд.
— Билошак, ин ҳам як тарзи овозашавию номбарорист,— ҳукм намуд Асирӣ.— Ҳеҷ бовар намекунам, ки оқсаққол даҳ сӯмро дар ин ҷо монда, аз ёд бароварда бошад. Охир ба ин даҳ сӯм, ҳофиз ду гӯсфанди бӯрдоқии ҳисорӣ гирифта, як соли дароз равғану гӯшт хӯрда метавонад.
— Гӯсфанд мехаранд ё чизи дигар, пул аз опи ҳа- мон кас,— пулро ба ҳофиз дароз кард Ҳоҷӣ Юсуф.
— Атояшро ба лиқояш бахшидам,— рад намуд ӯ.— Ба ҷояш монеду баъди сафар миёнбандро ба соҳибаш супоред. Фарз кардему худо нахоста, аз хонаи ман ин айил гум мешуд, ҳозир чӣ мекардам? Юҳ ёфта деҳ гӯяд!
— Офарин ба ҳимматат, ҳофиз! — тап-тап ба китфи Содирхон зад мударрис.— Чӣ гуфтед, атояшро ба ли- қояш бахшидам. Баҳ-баҳ! Аз ин хубтар чӣ ҷавоби боса- воб мешуд! Бар падарат раҳмат, ҳофиз!
Пулро боз дуқат карда, ба ҷояш гузоштанд. Со- дирхон, Асирӣ ва мударрис ба ҷой ҳам нанишаста ме- рафтанд, ки дар кӯча Яъқубҷонро диданд.
— Хотирҷамъ бошед, усто,— гуфт Содирхон.— Ҳо- чӣ Юсуф ҳарифу рақибонашро ба дарё ташна бурда, ташна меорад.
— Хайрият, илоҳӣ ҳамин тавр шавад,— гуфт фа- ранг.
Онҳо ба кӯчаи Таги бед даромада, аз пушти кап- пони Панҷшанбе ба бозор баромаданду мударрис хуш бош карда рафт, шоир, фаранг ва ҳофиз дар самовор- хонаи Холмуҳаммад ба кате нишаста чой фармуданд. Самоворчӣ шаммаи чойнаки қирмизиро партофта, чой дам карда, аз болои чойнак обиҷӯш рехта, ба рӯяш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё