Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
саҷоқ пӯшида бо як пиёлақанд майдаи балғамӣ оварда ниҳод, ки вай махсуси Асирӣ буд.
Модом ки оқсаққолро неву Ҳоҷӣ Юсуфро ба тантанаи пойтахт мефиристанд, донеду огоҳ бошед, ки қадру манзалати Ҳоҷиамон дар назди амалдорони подшоҳ аз оқсаққол баландтар аст, — гуфт шоир ба Яъқубҷон.
Илоҳӣ ҳамин тавр шавад, тақсир, — гуфт ӯ соддаёна. — Набошад аз ҳамин рӯзина моҷаро одам метарсад. Оқсаққол-ку як навъ одами шалдур-шулдур, мичинг, домулло одами ҷудо ҳам бадкина.
Шалдур-шулдуратон ҳам кар додари кӯр. — Ҳофиз ба гап ҳамроҳ шуд. — Як беадабӣ кунам, айб намефармоед. Оқсаққоламон аз Ҳоҷӣ хавотир. Ҳоҷии мо дар доной аз Мирзобаҳодур допотар аст, ин як. Баъдаҳу иззату обрӯи ӯ дар назди мардум калонтар. Оқсаққолро одамон аз мурдана метапам, пои хара меқапам, тарсида ҳурмат мекунанд. Агар оқсаққолиро ба Ҳоҷии мо диҳанд, дар ҳукуматдорию кордонӣ мапаминам, ки ҳамаро қоил мекунад. Инро оқсаққол медонад ва метарсад.
Андешаатон беваҷҳ нест, — сар ҷунбонд шоир. — Аммо ман ба ҷои Ҳоҷӣ Юсуф мебудам, кушанд ҳам ба оқсаққолӣ розӣ намешудам.
Чаро, тақсир?
Чунки аз ин рафтани Сангину омадани Солеҳ ҳоли мардуми бечора беҳтар намешавад, — ҷавоб дод шоир. — Амалдор бошӣ, ба фармони боло амал мекунию рӯз мебинӣ, вагарна кафшатро зуд тӯғрӣ карда мемонанд.
Ин гапатон ҳам дуруст, — ҳофиз ба далели шоир розӣ шуд. — Аммо ба андешаи ман, Мирзобаҳодурро нею Ҳоҷӣ Юсуфро ба Петербург фиристоданашон бегап нест.
Сабаби ин забондонии Ҳоҷӣ Юсуф ва як бор дар қабули подшоҳ будани вай аст, ки Рубах гуфтааст, — боз далел овард шоир. — Ӯ албатта одобу услуби русҳоро аз говгаданг дида хубтар медонад.
Шоир дуруст мегуфт. Ҳоҷӣ Юсуфи ҷаҳонгаштаю одамдида ба пурдонӣ шинохта шуда буд. Ӯ аз падари худ Мирфайёз, деҳқони миёнаҳол, кӯдак ятим монд. Мирфайёз боре дар сӯҳбати як ҳоҷӣ мешавад, ки нав аз Макка баргашта омадааст. Ӯ аз азобу укубати роҳ даҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё