Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
накушода, нақли аҷоибу ғароиботи сафарро мекунад ва дар дили ӯ орзуи ҳаҷравиро пайдо менамояд.
Мирфайёз оқибандози худро ба миён мебандаду бехатар гузаштани шабҳои панҷ, ҳафту чили писари нав таваллудшударо мунтазир мешавад. «Хости худованд, фарз кардаму хокам дар ҳамон тарафҳо бошад, боке нест. Зурриётам ҳаст»— мегӯяд худ ба худ Мирфайёз ва ба рӯи кӯдаки парпеч, ки чашмонашро тарсону ҳаросон кушода, пӯшида дар дасти падар худро гӯё ногувор ҳис менамуд, менигарад. Зоду роҳиларо ба хӯрчин ҷо карда ба харе савор шуда, ҳамроҳи ҳаҷравон меравад. Рафту барнагашт. Кӯдак сухан омӯхт. Роҳравиро ёд гирифт. Ба кӯча, ба ҳавлии ҳамсоягон мерафту медид, ки бачаҳои дигар ба ҷуз модар падар ҳам доранд. Ӯ дар овони шашсолагӣ аз модар пурсид:
— Падари ман кисту куҷост?
Модар дар ҷавоб гирист. Кӯдакаро ба оғӯш кашида, ба сандуқи дил пахш кард. Чакраҳои гарми оби дидаи ӯ ба рӯи фарзанд рехт. Ӯ ҳам гирист.
— Падарат мурдааст. Ӯ ҳаҷ рафту барнагашт. Хокаш ӯро гӯё гирифта бурд. Қабри вай дар ҳамон ҷост.
— Ҳаҷ дар куҷо, модарҷон?
— Аз гуфти одамҳо аз ин ҷо дур. Се моҳ роҳ гашта ба он ҷо мерасанд.
— Ман ба он ҷо меравам. Қабри дадоямро дида меоям.
— Ман розӣ. Калон шавӣ, рав. Барои қабри падарат лавҳи мазор созондаам. Модар сандуқ кушод ва аз он ба андозаи ду рӯи китоб санги сафеди ба рӯяш хатҳо кандашударо берун овард.— Ҳар сол ба ҳавлии ҳамаи онҳое, ки ба ҳаҷ мераванд, рафта тавалло мекунам, ки ҳамин сангро баранду ба рӯи қабри падарат гузоранд. «Бори худамон бе ҳамин ҳам вазнин» мегӯянд. Савоб гуфта ба ҳаҷ мераванду ҳамин як кори савобро намекунанд. Калон шавӣ, ҷони модар, ба ҳаҷравҳо ҳамроҳ мекунам, меравию худат лавҳ гузошта меой.
Шаш соли дигарро Юсуф бесабру қаророна гузаронд ва ба дувоздаҳ расид. Рӯзе шунид, ки ҳаҷравон баъди як ҳафта дар Чорраҳа ҷамъ омада, аз мардум фотиҳа гирифта, ба роҳ медароянд. Тохта ба ҳавлӣ омад. Ба пеши пои модар худро андохта, бо чашмони пурашк ба тавалло даромад, ки ӯро бо ҳамин ҷамоаи мардум ба ҳаҷ фиристад. Модар розӣ шуд. Рафт. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё