Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

азобҳои тоқатфаркои роҳ калонсолона ва пурбардоштона тоб овард. Баъзеҳо, ки бо нияти ҳаҷ баромадаанд, пушаймонии худро пинҳон намекарданду Юсуф, ки на ба зиёрати хонаи Худо ва на қабри Мустафо, балки ба зиёрати қабри падар мерафт, ҳаргиз аз сафар пушаймон намешуд. Дар Мадина дар қабристони ғарибон ӯ қабри падарро ёфт. Як лавҳи майда гузошта, куҷои ва кай дар кадом синни вафот карданашро ҳамшаҳриёнаш навиштанд. Юсуф лавҳи навро гузошт. Дузону нишаста аз рӯи маслиҳати модар, порае аз Қуръон тиловат намуда, ба арвоҳи падар бахшид. Ӯ акнун дигар ба ягон чизи ин ҷо шавку ҳавас надошт. Ҳамшаҳриён ӯро ба тавофи Каъба бурданд, ки ҳоҷӣ шавад. Бо ҳамон одаме ки мутасаддии бурда оварданаш шуда аз модараш пул гирифта буд, бармегашт. Вале шахси мутасаддӣ дар бозгашт ба Миср омада вафот кард.
Ҳамроҳони ӯ бошанд, «нонхӯру даҳмасаи сарзиёдиро»
монданду гурехтанд. Лекин олам одамони хуб ҳам дошт. Як хуҷандии сокини Қоҳира ӯро ба парастории худ мегирад ва ба модари вай хат менависад, ки бачаи зираки шуморо барои таҳсил нигоҳ медорам. Номи ӯ Ҳоҷисайдуллои Хуҷандӣ буду мисриён Ал-Хуҷандӣ меномиданд. Одобу ахлоқ ва хушзеҳнии Юсуф ба Ал-Хуҷандӣ хуш омада, ба ӯ забони арабӣ омӯхта, ба дорулфунуни «Ал-мазҳар» дохил мекунад, ки дар он ҷо риёзиёт, ҳикмат, адабиёти арабу форс, илми нуҷум ва фалакиёт таълим медоданд.

Ҳоҷӣ Юсуф панҷ сол дар он мадраса таҳсил карду лекин барнагашт. Ҳафт соли дигар хизмати мударрисони номии он ҷоро карда, илму дониши худро афзун намуд ва баъди дувоздаҳ сол, тақрибан соли ҳаштсаду шасту панҷум ҷавони бистучорсола ба зодгоҳи худ омад. Ба омадан омаду пушаймон шуд. Аввалан, модар вафот карда буд. Баъд, ҷавоне ки дар бозгашт гузораш ба кишварҳои мардуми хеле мутамаддин афтод, медид, ки дини ислом, мутаассибии бонӣ ва ҳомиёнаш дар зодгоҳаш аз Маккаю Мадина дида зӯртар аст.
Ӯ боре дар ҷамъомаде дар ин хусус ошкоро гуфт:

— Ислом аз Арабистон баромада бошад ҳам, обрӯи вай дар он ҷо нисбат ба ин ҷо пасттар аст. Вай эҳтимол аз ҳамон ҷо ҳам пештар нест шавад.

Гуфту ба бало монд. Қариб буд, ки сангборон кунанд. Ҳамҳуҷрааш шоири ҷавон Абдулло, ки мулаққаб

пешина
аз 447
навбатӣ