Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
мекунанд. Медонӣ ҳозир ба ман чӣ гуфтанд? Ман аз ҳамон ҷо, аз Комиссариати ҳарбӣ меоям. Ба шумоҳо, умуман, ба ту махсусан навбат омаданаш гумон гуфтанд. Чашми ман хира будааст. Сад тавалло барои онҳо нӯҳ пул. Аммо ман ҳар коре карда, ба ҷанг меравам. Нишон медиҳам, ки чашмони ман ҳоло хуб мебинанд.
Як рӯз, қабл аз охирин бор ба идораи газета омаданаш, Ҳаким бегоҳӣ бо табъи болидаву димоғи хуш ба ҳавлии ман омад.
— Ба худо шукр. Илоҳӣ келин боз як орден гираду обрӯяш дар пеши кассаи роҳи оҳан баландтар шавад. Билет гирифта дод, — хушнудӣ ва изҳори миннатдорӣ кард ба ҳамсари ман, ки ҳамчун ордендор бенавбат ба ӯ билет гирифта додааст. — Пасфардо ба Сталинобод меравам. Дар Комиссариати ҳарбии он ҷо як ошнои гапдарои обрӯмандам ҳаст, ки суханамро ба замин намемонад.
Ба гусели ӯ баромадам. Аз як соат зиёд мунтазири мошини вокзалрав шудем. Ниҳоят боркашеро, ба миёнаи кӯча фуромада, даст бардошта доштему тавалло кардем. Нависанда шинельро ба мошина ҳаво дода, ба болои чӣ гуна як бор нишаста гирифт. Суханони дар ҳангоми гусел гуфтаи ӯ ҳанӯз дар гӯшам ҳамин ки ӯро ба хотир меорам, чарангос мезанад. Ӯ аз нақшаи корӣ, ба қавли худаш, қитир-қитир, яъне нависандагии баъди ҷанг ҳарф мегуфт.
— Бо чашми худ дида, аз сарат гузаронда нависӣ, ба савоби вай кӣ мерасад? Кори чала ҳам бисёрҷо, аммо ҳамаашро ба як тараф ғундошта мемонам у ҳамин ки омадам, таассурот кӯҳна нашудан пеш, як роман менависам. Айб ҳам шуд. Номам нависандаю ҳанӯз ягон роман нанавиштаам.
Рафт. Дар бобати фронтравӣ, иштирок ба ҷанг ӯ ба муродаш расид. Дар мудофиаи остонаҳои шаҳри Ленинград иштирок намуд. Вале сад дареғ, ки нависанда ба муроди дигари худ — бо чашми дидану аз сар гузаронда навиштани роман нарасид. Қаҳрамонона ҷангида шаҳид шуд. Як ҷароҳати дили ман аз хабари ҳалокати ӯст.
Ба кори газета бармегардем. Дӯстии ману Ҳаким
ба котиби масъуламон маъқул набуд. Ӯ ҳар чизро баҳона намуда, ҷангу магалро мепайвасту Ҳаким тарафи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё