Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дастгир карда омадани ӯро дида, беихтиёр «молодцы!» гуфта мемонад.
Чуи нависанда баъди ин чанд боби ояндаи асарро даҳонакӣ ҳикоя кард, М. Аюбҷонов пурсид, ки оё ҳамон роҳбалади ноэҳтиёткор худи нависанда нест, Ҳаким дандонҳои майдаи ҳамворашро нишон дода, баланд хандид.
— Аҷаб гапро мегӯед, Мирзо! Ман куҷою ҷанг!
Овози милтиқро шунида монам, дилам ба гупур-гупур медарояду ба ҷанг чӣ хел мерафтам?
Аммо ҷавоби ҳазломези нависанда далели фурӯтании ӯ буд. Ошноёни ҳамяроки ӯ Ш. Одилов, майорҳои дар истеъфобуда Поччо Рустамов ва М. Тоҷибоев ҳанӯз вақте ки сухан аз ҳарбу зарбҳои батальони пуршӯҳрати худ мегӯянд, аз корнамоиҳои Ҳаким Карим ҳам, ки ихтиёрӣ ба сафи Армияи Сурх рафта, ба ҷанг иштирок кардааст, нақл менамоянд.
— Гапи дурӯғро гуфта одамро шарм надоропед,— мегуфт ӯ рӯзе ба Рустамов.— Чумчуқ пиррӣ кунад, дили мани бечора шиттӣ мекунаду чӣ хел ҷанг мекардам?
Аз хизмати ҳарбӣ чун ёдгории солҳои муборизаи зидди босмачиён дар бисоти Ҳаким Карим шинеле монда буд, ки доманаш то бучули пояш мерасид. Бо вуҷуди пальтоҳои хуби ба қоматаш шинам доштан, ӯ зимистон ки расид, ҳамон шинельро мепӯшид. Вақте аз вай ҳазл карда мепурсиданд, ки «ин пӯстини Шоҳмашрабро кай мепартоед? Ҳоло кор медиҳад гуфта ҷавоб медод. Рӯзи дуюми сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нависанда бо вуҷуди гармии ҳаво он шинельро бардошта, ба идораи газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» омад. Ӯ ошуфта ва дар ҳаяҷон буд.
— Ариза додӣ? — пурсид аз ман. Фаҳмидам, ки чӣ аризаро мепурсад.
— Мо ҳама ариза додем. Рафта хоҳиш кардем, ки ба фронт фиристанд. Дар Комиссариати ҳарбӣ равед, аз паи коратон шавед. Рафту ба шумо ҳам навбат омада монад, даъват мекунем гуфтанд.
— Қай ҳамин тафовуту тафриқаи сабили байни касбҳо ҳам монандӣ тафовути байни мардум нест мешуда бошанд?— ранҷидахотирона пурсид Ҳаким.— Ватан, озодию бахт дар хатару инҳо нависандагию кори матбуотро бо аҳамияти аскари сурх дар фронт баробар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё