Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

аст. Арзани пошхӯрда барин. Магар дар ҳикоячаҳо онҳо мегунҷанд? Дар повести калонакак ё роман маънии пурра дода метавонанд.

— Боз ҷанги ҷанги граждани-мӣ? — Ба ягон гапи дигар қаҳат задааст магар? — бо шӯхиву лоуболӣ пурсид Наимӣ?

— Э, культурний, культурний! Ҳанӯз шумо, укочон, ёш. Намефаҳмед гӯям, айб. Ба қадри мавзӯи ҳарбӣ намерасед. То даме, ки империализм вуҷуд дорад ва ба мамлакати мо дандонашро ғиҷирос занонда «ҳоло туро бин» — мегӯяд, мавзӯи ҳарбӣ, мавзӯи мудофиаи Ватан зарур шуда мондан мегирад. Ба мо инро Ленин таълим додааст.

Мо ба Ҳаким ҳавохоҳӣ намудем. Боби бо муҳаббату мӯшикофона навишта шудаашро хомӯшона шунидем. Вай он қадар калон набуд. Панҷ-шаш рӯй дафтари майдаро ишғол менамуд. Дар он эпизоде аз ҷанги муқобили босмачиён дар ҷануби республикаи мо нақл мерафт. Дар омади гап, ки ин боб дар байни мероси адабии нависанда ҳоло нест. Вай монанди бисёр асари ӯ дар ҳангоми ба фронт рафтани муаллиф нест шудааст.

Дастаи омехтаи аскарони сурх ва калтакдорон пеш аз он ки аз дарае берун ояд, ба як деҳаи доманаи кӯҳ се разведкачиро мефиристад. Се тан гоҳо гавак кашида, гоҳо хазида ба канораи деҳа меоянд. Вале роҳбалади ду нафар, аскари сурхи ин маҳалҳо бароишон ношиноси рус — ҷавони тоҷик, аз тасвири қадду баст ва қиёфа намоён буд, ки вай худи нависанда, — таълими фармоидеҳро фаромӯш намуда, худсарона аз камин берун омада, ба рахнаи деворе нигоҳ карда метозад, ки аз қафои он ба гӯшаш фарёду фиғони зане мерасад. Ӯ мебинад, ки дар паси девор як босмачӣ занеро кашолакунон ба хона мебарад. Ҷавон тоқат карда натавониста, аз милтиқ тир кушода, бо ҳамин ба хонаи занбӯр гӯй, ки чӯб мехалад. Босмачиёни дар деҳа буда ба по мехезанд. Аз ҳар ҷониб ба разведкачиён, ки гурехтан муяссарашон нашуда буд, ҳамла мекунанд. Дар айни дар ҳолати душвор мондани разведкачиён дастаи аскарони сурх расида омада, босмачиёнро торумор мекунад.

— Эҳ, ту роҳбалади беэҳтиёт! Қариб буд, ки худат ҳам нок мурӣ! — мегӯяд яке аз разведкачиён.

Фармоидеҳи даста, ки аз худраънии роҳбалад огоҳ шуда, ба вай танбеҳ доданӣ буд, даҳбӯшии босмачиёнро

пешина
аз 447
навбатӣ