Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рӯ баъзеҳо асари ӯро хонда, шунида, хомӯш монанд ҳам, дар таҳти таънаборанаш мемонданд.
— Қафед охир! Гӯед, чӣ тавр баромадааст?— танг мекард вай.
Баъд ташвиши дигари ӯ, ба аъзоёни оила харида додани сару либоси нав сар мешуд. Баъди иҷрои ин ду вазифа албатта рӯзи бозорро нигарон шуда, гӯсфанд оварда мекушонд.
— Кампирхон рӯзҳои ид ғавуррӣ думбачигару дӯнбул, мантуҳо пазанд, кайфи идона мекунем,— мегуфт ӯ ба мо.— Ба ягон ҷо рафта намоҳед, ваъда надиҳед. Худу бархуд дар хонаи мо шишт мекунем.
Яке зиёфати Ҳаким ба муносибати ҷашни Якуми Май махсусан аз ёдам намеравад. Ин сеюми майи соли чилу якӯм буд. Худи ҳамон рӯз мо чанд нафар иштироккунандагони нахустин даҳаи санъати тоҷик дар Москва аз сафар баргашта омада будем. Аз ҳавлии Ҳаким Карим касе омада, маро ба зиёфати вай хабар карда рафт. Бегоҳӣ чун ба хонааш омадам, ҷамоат ҷамъ буд. Аз аҳли қалам ғайр аз соҳиби хона Қодир Наимӣ ҳам дар он ҷо буд. Ӯро барои хушлибосию озодагӣ Ҳаким Карим ширинкорона «культурний» меномид.
Дигар ҳамаи меҳмонони Ҳаким муаллимон, аз кормандони идораҳо дӯст ва улфати ҳамаамон Мирзо Аюбҷонов ва маҳаллагиҳояш буданд. Пас аз як-ду қадаҳ май ва табақи мантуро холӣ кардани меҳмонон Ҳаким бархоста, дафтареро мегирифт, ки Наимӣ бо оҳанги ҳазл гуфт:
— Ана акнун истисмор сар мешавад...
— Чӣ хел истисмор? Себама хӯрдӣ, гозаша те, гуфтаанд. Мантуро задед. Виноро нӯши ҷон кардед. Акнун марҳамат, гӯш кунед.
Аз ин таклиф ҳеҷ кас дар аҷаб набуд. Зеро ҳама медонистем, ки меҳмондории нависанда ягон вақт беҳикояхонию ҳикоягӯй намегузашт. Дастархонро ғундошта монед, маҳфили адабии тайёр буд. Аз ин рӯ ҳам муштоқи меҳмондории ӯ мешудем.
— Ин як порча аз достон, калонтар шуда монад, аз романи ояндааст. Ҳоло ҳозир номаш нест. Сарлавҳааш «Қариб буд, ки пок мурӣ!»— Ҳаким аз як сар ба ҳама назар намуда, нигоҳашро ба ман оварда, боздошт.— Аз куҷо сар шуда, ба куҷо рафта тамомшавиашро гӯё ба ту гуфта будам. ТаАССУРОТИ ман аз ҷанги гражданӣ парешон

пешина
аз 447
навбатӣ