Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
чанд рӯз мақола бо се имзо — Ҳаким Карим, Дунган ва ман чоп шуда баромад.
— Имзои маро ба ин мақола чаро гузоштед? — пурсидам аз Ҳаким.
— Модом, ки гузоштам, даркор аст.
— Дунган ҳам боз худатон набошед?
— Наузан биллоҳ!
— Пас ин каси дигар аст?
— Ҳовва! Каси дигар. Сонӣ мефаҳмӣ гуфтам, шуд.
Аз миён хеле вақт гузашт. Ману Ҳаким дӯст ва ёрии ҳазл шуда рафтем. Ӯ маро маҷбур кард, ки монанди вай ту-ту гуфтан гирам. Чанд рӯз забонам нагашта, баъд одат кардаму чунон бо ҳам тифоқ шудем, ки мӯе аз миёнамон намегузашт. Бе ман ӯ меҳмондорӣ намекард. Ба хонаи ман зуд-зуд меомад. Мо ҳар ду на танҳо бо аъзоёни оила, балки инчунин бо хешовандони дуру наздики якдигар шинос шуда будем. Ман хислату фазилатҳои ӯро акнун чун даҳ ангушти худ медонистам.
Ҳамин ки ӯ гонорар гирифт, дар хонааш тӯй мешуд. Қалонхарҷии нависанда оғоз меёфт. Вале дар киса пулаш, ки кам монд, ба ҳамаи онҳое, ки аз ӯ дар бобати гонорар қарз доштанд, болои ҳам номанависӣ ва шикоятро сар мекард. Дар мактубҳое, ки аз Ленинобод ба Ҷалол Икромӣ сониҳо менавишт, шикояти бепулӣ пуранд. Дар амал бошад, ҳеҷ гоҳ вай тамоман бепул намондааст.
Ҳаким Карим ҷашнҳои Октябру Май, аз идҳои замони гузашта иди Наврӯзро бо тайёрии махсус пешвоз мегирифт.
— Ош алишакони сарисоламон аҷоиб нағз,— завқ мекард ӯ.— Ҳар кас расм карда бошад, қандаша хӯрад! Чанд хел ош меояд. Аз яктааш як бурда гӯшти қоқ, аз дигараш як дона кабоби токӣ, аз сеюмаш — се-чор дона нахӯд ё кишмишеро гирифта мечасию хузур мекунӣ.
Ид наздик мерасиду такопӯи Ҳаким Карим, ки табиатан ҳам одами бесабру қарор буд, зиёдтар мегардид. Пеш аз ҳама ба ид ягон ҳикоя, ё очерк мебахшиду онҳоро қабл аз фиристодан ё додан ба газетаю журнале ба мо, ҳамкасбонаш, мехонд ва фикру мулоҳиза мепурсид. Мо медонистем, ки ӯ шаттагӯй аст ва ягон маслиҳати хом диҳем, беибо «номаъқул накунед», — мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё