Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ва баъд олӣ дароед. Нағз хонед. Хайр саломат бошед.
Ҳаким афсунгарона ҳамаро ба гап дароварда, гуселонда, хурсандона ба ман нигоҳе кард.
— Дар ҳаётат, укоҷон, ин як рӯзи таърихист, фаҳмидӣ? Ману ту дар мактаби кӯҳна муаллимро чашми дидан надоштем. Тамом шудани дарсро аз мактаб озод шудан меномидем. Охир ин дирӯзакак буд. Меҳри муаллим ба дили шогирдонаш маъво пайдо кардааст. Ин қудрату мӯъҷизаи илми советист. Дар ин бора ҳикояю достон навиштан мумкин аст. Магар ҳамин воқеа як ҳикояи олиҷаноб намешавад?
Рӯзе дар газетаамон бо имзои Ҳаким Карим ва Дунган бо сарлавҳаи «Долой халтура!» як мақолаи бебоконаю ошӯбгарона чоп шуд. Вай ба муқобили нуқсони эҷодиёти баъзе нависандагон аз он ҷумла Обид Исматӣ ном касе навишта шуда буд. Қариб ҳамаи материалҳое, ки редакция ба матбаа мефиристод, Ҳаким ба ман медод, ки як хонда бароям. Ба қавли ӯ ин ду фоида дошт: аввалан, вай ба омӯхтан, яъне таҷрибаҳосилкунӣ мадад мекард; сониян, фаразан, норасоӣ ва носаҳеҳиеро ёбам, бо маслиҳати ӯ метавонистам бартараф кунам. Аммо ин мақола бевоситаи дасти ман ба матбаа рафт. «Дунган кӣ бошад? — пурсидам аз худ?— Оё ин имзои махфӣ, яъне мустаори ягон нафар аз аъзоёни кружокамон нест? Юнус Ҳусайн бошад, ё Ф. Абдуллозода? Ё ин Ашӯрмати новист?»— ба дил ғунҷонда натавониста, аз Ҳаким Карим пурсидам.
— Қорат набошад, сонӣ мефаҳмӣ, уко,— ҷавоб дод ӯ маънидорона чашмак зада.
— Дунган чӣ маънӣ дорад, вай аз кадом миллат аст?
— Вай чут-чут,— ин дафъа қоҳ-қоҳ хандид Ҳаким Карим.
Баъд бо имзои Ҳакиму Дунган боз чанд чизи дигар чоп шуд ва боре Ҳаким Карим мақолаеро, ки бо хати худаш навишта шуда буд, дод, ки хонда бароям. «Агар лозим донӣ, ба таҳрираш ҳақ дорӣ»,— гуфт. Мақоларо хондам ва баъзе ҷумлаҳояшро таҳрир карда, ҳатто як абзац аз худам илова кардам. Мақола дар ёдам пурра намондааст. Гӯё оид ба танқиди адабӣ буд. Таҳриру иловаи ман ба Ҳаким Карим маъқул шуд. Баъди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё