Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин мебарояд, ки шумо муаллиматонро пағз медидаед, ҳурмат мекардаед. Бачагони азиз, кадоме аз шумо кори газетабарорӣ, шеъру ҳикоянависӣ ва китобнашркуниро ганда мебинад? Хоҳишмандам, ки ҳар кас ҳамин касбро бад бинад, даст бардорад. Ҳеҷ кас даст набардошт? Яъне аз ин мебарояд, ки ҳамаатон дӯстдори ин кори бошараф ҳастед. Чунки доҳии ҳамаи мо Ленин, ҳамкорон ва шогирдони вай; нависандагони бузург Толстой ва Горький, Чехов ва Маяковский, Лоҳутӣ ва Айнӣ соҳибқаламанд. Навиштаҳои онҳоро ману шумо хонда меҳнату зиндагӣ карданро ёд мегирем. Барои халқу Ватан ҷон нисор буданро меомӯзем, ҳамин тавр нест? Муаллими шумо Раҳим Ҷалил қобилияти соҳибқаламӣ дорад. Мо ӯро ба ин ҷо овардем, ки кор кунад, таълим гираду нависанда шавад. Магар ин бад?
Магар шумо намехоҳед, ки муаллими шумо ҳам бароятон ҳар рӯз газета бароварда, хабарҳои нав ба навро расонад? Ман ба ҷои шумо мебудам, хурсанд мешудам.
Маро мебахшед. Ман худамро ба шумо нашиносонда ба гап даромада рафтам. Номи ман Ҳаким Карим. Ҳикояҳои маро, албатта, шумо хондаед. Нахонда бошед, ёфта хонед, — ӯ чанд ҳикояю дар кадом шумораҳои газета чопшударо номбар намуд. — Ман нависандагиро ба кори газета даромада ёд гирифтам. Муаллими шуморо ҳам овардем, ки нависанда шавад, асарҳояро хонед. Аз ӯ нависандагиро таълим гиред.

— Ин тавр бошад, мо розӣ, — гуфт яке.
— Не, мо розӣ не, — гуфт духтари мудирамон Саодат.
— Маълум мешавад, ки ба суханҳои ман, духтарҷон, гӯш надодай, — гуфт зуд Ҳаким Карим. — Ҳамин тавр не, бачагони азиз?
— Ман ҳам розӣ, — гуфт шогирди дигари ман.

Ҳаким аз ихтилофи муддаиён хуб истифода карда тавонист ва далелу исботи гуфторро оварда, ҳамаро розӣ кунонда ваъда дод, ки дар мактаб барои онҳо кружоки адабӣ ташкил кунад ва худашу дигарон ба ҳар машғулияташ рафта, роҳбарӣ кунанд.

Чаро баробари инженерони корхонаҳо, агрономҳои қишлоқ, аэропланчию киштиронҳо, аз байни шумо журналистону шоирон расида пабароянд? Мебароянд.
Мо ба ин боварӣ калон дорем. Барои ин ҳамаатон бояд баъди хатми мактаби ибтидоӣ ба мактабҳои миёна

пешина
аз 447
навбатӣ