Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бароянд. Хайрият мудирамон онҳоро ба гап гирифта тавонист. Ба маънои томи сухан аз мактаб гурехтам.
Чунки ҳам худам дар ҳолати ногувор монда будаму ҳам муаллима.

Боз ба масофаи сию ҳашт сол ба пеш ҷажидан лозим меояд, ки баъд ба ҳамин масофа ақиб нишаста, қиссаро идома диҳам. Сеюми июни ҳамин сол, соли ҳазору нӯҳсаду шасту нӯҳум, соати даҳи пагоҳӣ ба гӯшам овози нақора ва сури пионерӣ расиду сар аз кор бардошта, дар рӯ ба рӯи тирезаи кабинети худ як гурӯҳ пионерони либосҳои наву тоза пӯшида ва гулдаста бардоштаро дидам. Дар ҳамин ҳангом як ҷавонзани миёнақад ва сиёҳпӯсте бо шитоб ба наздам омада, худро шиносонду гуфт, ки намояндагони дружинаи пионерии мактаби ба номи Бистсолагии Тоҷикистон ба муносибати шастсолагиам ба муборакбод омадаанд. Иҷозат диҳам, ки дароянд. Кабинети майда аз писарону духтаракони ҳайдаркокул пур шуд. Онҳо ба ман гулдастаҳо тақдим карданд. Як духтарак, ки суханашро хеле хуб ёд кардааст, нутқ кард. Ман ҳамаи онҳоро шинондам.
Онҳо ба ману ман ба онҳо саволҳо дода ҷавобҳо гирифтем. Ташаккур гуфтам. Барои таҳсил, саодатмандии онҳоро дар меҳнат орзу намудаму рафтанд. Рафтанду воқеаи сиюҳашт сол пешина ба ёдам расид. Шогирдони ман аз набудани муаллимаи нави худ, ки бемор шуда ба кор наомадаасту синфи чорӯм аз синфҳои дигар ҷудо дар ҳавлии дарунии бой буд, истифода карда рост ба шӯъбаи шаҳрии маориф омада, талаб кардаанд, ки муаллими онҳо ба мактаб баргашта равад. Хайрият мудири маориф набудааст ва кадом як ҳангоматалаб дар куҷо будани идораи газетаро таъин карда, фармудааст, ки рост рафта, ба муҳаррири вай арз ва муаллимашонро талаб кунанд.

Он рӯз ҳам тақрибан соати даҳи пагоҳӣ буд. Дарҳо тарақ-туруқ кушода шуда, шӯъбаи мактубҳои идораамон, ки хеле васеъ буд, аз бачагон пур мешавад. Ман ҳайрон шуда мондам. Аз қафои ман Ҳаким Карим баромад ва борони суханҳои котиби масъуламонро, ки мактабро монда беиҷозат ба идораи газета омадани бачагонро ҷинояти калон эълон намуда, бароварда пеш кардани буд, боздошт ва арзи намояндагонро шунида, завқ кард.

— Бачагони азиз! Ман аз омадани шумо ҷудо хурсанд.

пешина
аз 447
навбатӣ