Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба он дараҷа хоксору ин ба ин андоза такаббур? Биё, ки ҷои худамро хунук накунам. Бе чиз намегӯянд, ки дарахт дар як ҷо месабзад. Не мегӯям» — қарор додам худ ба худ.

Вале Ҳаким Карим меҳригиёҳ дошт ё оҳанрабо, намедонам. Маро зуд аз раъям гардонд.

— Кори нав муборак! Ана, шумо, уқоҷон, аз ҳамин рӯз сар карда, коркуни адабии газетаи мо ҳастед. Фармонро хондед. Ӯ ба пушти дари кабинети худ ишора намуд. — Ман нагуфтам, ки ба ҳама мушкил бошад ҳам, ба мо осон? Носиров як мӯйлабашонро ҷунбонданду ҳоҷати ману шумо раво шуд. Бароед, фармонро хонда биёед. Столу стули кор мекардагиатонро таъин мекунам.

Дар қафои дар дар лавҳаи фармонҳо бо санаи ҳамонрӯза — сию якуми марти соли сию якум дар бораи ба кор қабул карда шудани ман фармон часпонда шуда буд.

— Ман аз фамилиятон зодаашро гирифта партофтам. Раҳим Ҷалил. Шуморо, ку надаратон назоидааст, — қоҳ-қоҳ хандид Ҳаким Карим.— Дар фармон ҳам ҳамин тавр — Раҳим Ҷалил навишта шудааст.

Ғайр аз сарчунбондану розӣ шудан дигар илоҷ набуд. Ҳаким Карим столи дар рӯ ба рӯяш гузошташударо ба ман нишон дод, ки ҷои кори ман ҳамон аст.
Ба саволи оё ба шумо халал намерасонамӣ ман кӯтоҳакак «пс» гуфта ҷавоб додам. Аз ӯ рухсат гирифта, барои хайру хуш намудан бо муаллимону шогирдонам боз ба мактаб рафтам.

Он рӯз аз ёди ман ҳаргиз намеравад. Қаҳҳор Хоҷаев маро дидан замон аз қиёфаам гӯё фаҳмид, ки меравам. Ҳамроҳи ман ба синф даромад, ки дигар муаллимаи мактаб ба ҷои ман дарс медод. Вақте ки мудирамон бачагонро огоҳ намуд, ки ман ба кори газета меравам ва ба ҷоям ҳамин муаллима мемонад, тамоми синф ғавғое бардошт, ки тасаввураш душвор аст.

Ман дар чашмони се нафар шогирди худ — яке
Ҳамдам Очилов — ҳоло номзади илми география, сармуаллими институти педагогӣ ва дигаре Додобоев —
ҳоло ходими савдо, сеюме — духтари мудири мактабамон Саодат Хоҷаева, ки муаллима аст, ҳалқа задани
ашкро дида, худро дошта натавонистам. Рӯйро тофтаму
тозон берун баромадам. Бачагон мехостанд, ки аз қафоям

пешина
аз 447
навбатӣ