Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Бахт аз таваккал гуфтаанд,— хандид ӯ.— Шумо агар газетаю соҳибқалам шудани бошед, шарт-шарт ба саволҳо бехаёли дуру дароз ҷавобдиҳию тез ҳалкунии масъаларо ёд гиред. Аз афти кор, гапзанон кардем. Ба назди худи мо мебиёед, дар ин ҷо ҳам кружоки адабӣ ҳаст. Юнус Ҳусайн, Файзулло Абдуллозода, Тоҷӣ Усмон, Носир Мансуров ва боз чанд муаллимони дигар ҳафтаи як бор ҷамъ мешаванд. Чизҳои навиштаи худ ва дигаронро дида, занозанӣ мекунем. Уко, ин мактаб аст.
Баъди ду рӯз мудири мактаб Қаҳҳор Хоҷаев маро пагоҳӣ сардакак пешвоз гирифт.
— Ман шумо мебудам, ҳеҷ набошад, то тамом шудани таҳсил аз мактаб намерафтам,— гуфт ӯ мӯйлабҳои ғафсу сиёҳро кафмол намуда.
— Қию чӣ хел муаллим меояд, намедонам. Бачагон ба мактаб омада аз синфи аввал сар карда ба шумо одат карда буданду...
— Чӣ шудааст?
— Раҳим Солеҳӣ ҷег зада гуфт, ки ба шумо ҷавоб диҳемӯ ба газета мерафтаед. Худи Саид Носиров фармудаанд.
— Ман розигӣ надодаам.
— Розӣ шудед ё не, намедонам. Ҳа гуфта ба ҳар тараф навишта фиристодеду чоп кардан, ки гирифтанд, ростӣ гап, ман аз шумо хавотир будам,— гуфт Қаҳҳор Хоҷаев.— Мо одамҳои хурд ҳастем. Зорӣ дорему зӯрӣ не. Ҳоло ҳам сари вақт. Метавонед рафта гӯед, ки шуморо ақаллан то тамом шудани таҳсил дар мактаб гузоранд. Ҳамаш шуда ду моҳ вақт мондааст. Ҳамин тавр кунед, муаллим.
Маро аз бозе ки ба ин мактаб омадам, мудир ҳамеша Ҷалилзода меномид. Акнун бошад, якумин бор муаллим номиду дар оҳанги суханаш аз киноя дида, самимияту афсӯс зиёд буд. Ба ин маънӣ ӯ зинҳор мекард, ки ту пеш аз ҳама муаллим ҳастӣ, инро фаромӯш накун.
Аз ӯ рухсат гирифта, ба идораи газета омада, дар дами дар ин дафъа котиби масъули мағрурро дидам, ки ба саломам алекӣ хунук доду зуд рӯяшро ба дигар тараф тофт. «Бо ин одами ҳавобаланд чӣ тавр дар як ҷо кор карда метавониста бошам? Ҳамеша қавоку димогаш овезон. Ба ҷои гап ғутунгос занад, чӣ мекунам? Ҳаким Карим-ку дар амалу дониш аз ӯ баланд аст, чаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё