Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
мӯйҳоиаш парешон ба назарам хеле кӯтоҳқад намуд. Салом додаму дастдарзкунон номамро гуфтам.
— Эй, Раҳим Ҷалилзода ман гӯед. Салом, хуш ома-дед, шинед, — ҷой нишон дод ӯ ва хокистардони пурро гирифта берун рафту холи карда омада, ба ҷояш гу-зошт. Ӯ миёнақад буд. Костюми ҷигарранги нимдош-таш ба ӯ мезебид. — Коркунони идораамон аз шумо хурсанд, ки хабарҳоятон беислоҳ мегузарад. Домулло Юнус Ҳусайн мегӯянд, ки шумо дар кружоки адабии мактаби Беҳбудӣ будед. Яъне тарбияи он касро гириф-таед. Домулло «Анбӯр»-и моро тайёр мекунанд.
Қариб буд, ки хандам. Дар шӯъбаи ҳаҷвии газета аз номи Шаҳрзоди «Ҳазору як шаб» як силсилаи ха-барҳои ҳаҷвӣ чоп мешуд, ки норасоиҳоро талху тунд танқид мекард. Дар шумораи рӯзи гузаштаи газета дар охири давоми ҳикояти Шаҳрзод тақрибан ин тавр гуфта мешуд: «Чун ҳикояти Шаҳрзод ба ин ҷо расид, ногоҳ ба гӯшаш буғи ҳаммоми нави Чоршанбе даро-мад ва хунукии ҳаммом ба ёдаш омада, ба тахтапуш-таш мурғакҳо дамдиду худро ба рӯи гурбадаваки сап-дали гирифт»... Худро аз ханда боздоштам ва гӯш ба суханҳои Ҳаким Карим додам.
— Дирӯз шеъратонро хондам. Рости гап, ман шеър-хон нею он қадар намефаҳмам. Ба ман ҳикоя бошаду достону роман, — давом намуд ӯ. — Шумо ҳикоянави-сиро машқ накадаед? Ягонта навишта бинеду биёред, чӣ гуфтед? Муаллимӣ мекунед? Муаллимӣ, албатта, ко-ри нағз. Аммо бачаҳо одамро зиқ мекунанд. Ба кори газета намеоед? Муҳаррирамон раиси комиҷроияи округ. Одами калон. Телефонро мегираду ба мудири маориф мегӯяд, ки фалонро аз муаллимӣ холӣ кунед. Ғингс накарда ҷавоб медиҳанд. Дудила нашаведу ҳа гӯед.
Ман намедонистам, зуд чӣ гӯям, аммо ӯ танг мекард.
— Барои касе ки соҳибкалам шудан хоҳад, аз газета дида ҷои хубтар буда наметавонад, уко. Шумо розӣ шавед, шудааст. Ҷавобгирӣ ба гардани мо.
Ба сукут афтода мондам.
— Сукут аломати ризо, уко, — табассуми ба худаш зебое кард Ҳаким ва айнакро аз рӯи стол ба чашм гирифт. — Ҳамин тавр не?
— Хайр, охир фикр кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё