Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
касро босавод кардам ва ду путёвка гирифта, як дафъа тобистони соли бисту нуҳум, дафъаи дигар тобистони соли сийӯм Москва ва Қазонро дида омадам. Ҳангоми сафари Қазон саркардан шаш нафар муаллимони мукофотгирифта Қаҳҳор Хоҷаев буд, ки аз улфати олиҷанобии он дар сафар ҳам воқиф гардидам.
Вале бо вуҷуди ин ҳама кору иззатмандӣ, дилам ба матбуот кашол буд. Меҳри он гӯё ба дил бо шир андарун шуда буд, ки бо ҷон бадар шавад. Дар ин миён дар Хуҷанд аввалин газетаи чопии «Колхозчӣ»— оғози газетаҳои «Большевики Хуҷанд», «Пролетари Хуҷанд» ва «Ҳақиқати Ленинобод» баромад. Нахустин шумораи ин газета бисту панҷӯми марти соли сийӯм ба дасти хонанда расид. Агарчанде ки ман яке аз фаъолони ин газета будам, ба идорааш рафту омад надоштам. Қотиби масъули газета ҷавони ҳавобаланди мағрур, рӯзе нодуруст архив карда шудани як хабарамро ба ӯ арз намудам, «ҳар сафсатаи алоиро ба газета чоп кардан намегиранд» — гӯён ғурунгос зад. Дигар ба он ҷо нарафтам. Хабарро бо почта мефиристодам. Рӯзе ба ин газета шеъре фиристодам. Вай тазмини шеъри «Мебоист кард»-и устод Лоҳутӣ буд. Шеър, ба гумонам, чоп шуда баромад. Матлаш дар ёдам мондааст:
Вақт шуд эй марди деҳқон, кор мебоист кард,
Ҳосилоти пахтаро бисёр мебоист кард.
Баъди ин саҳеҳ дар хотирам намондааст, аз идораи газета ё хат гирифтам ё ягон кас омада гуфт, ки ман ба он ҷо ба назди муовини муҳаррир Ҳаким Карим бояд равам. Чанд мақолаю ҳикояҳои бамаънию шавқангезашро дар газета хонда бошам ҳам, ҳанӯз ӯро надида будам. Хӯсида-хӯсида рафта, дар дами дари идораи газета корманди он Эргаш Мӯҳсинзодаро, ки ба қавле мӯи сарашро ба газета молида сафед карду ҳоло ҳам дар ҳамин газета кор мекунад, дида монда, аз ӯ чигунагӣ ва дар кадом кабинет будани Ҳаким Каримро пурсидам. «Худо одами нағзи ба ҳама баробар. Аз ман ҳам шуморо пурсида буд», — гуфт ӯ. Ман баъди ин ҷуръат пайдо карда, иҷозат гирифта, ба кабинеташ даромадам. Аз қафои стори калони болояш пур-пури газетаю журнал ва китобҳо ин ҷавони пешонифароҳ, мешчашм, кулчарӯи галстуки сурхи чараққоси ба гулӯ баста, мӯи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё