Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шаҳр ба мактаби ёздаҳум, ки дар маҳаллаи Довудхоҷа, дар ҳавлиҳои даруну беруни Ҳоҷиотабой воқеъ буду муаллими пуртаҷриба ва соҳибистеъдод Қаҳҳор Хоҷаев дар он мудири илмӣ буд муаллим карда фиристод. Аз афти кор, Раҳим Солеҳӣ ба мудир пешакӣ кию чигуна буданамро гуфта буд, ки маро ӯ бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Ин охири августи соли бистуҳафтум буд. Баъд аз чанд рӯз дарс сар шуд. Хоҷаев маро ба синфи якум гирифта даромад, ки бисту чор нафар хонанда дошт.

Ҳеҷ аз ёдам намебарояд, ки чун мо ба синф даромадем, бачаи сару рӯяш хуншореро дидам, ки тамоми овозасро сар дода мегирист. Дар синф ӯ бо як нафари дигар гӯштингирӣ кардаасту ҳарчанд ҷабрдида дар хобонак ғолиб баромада бошад ҳам пешонии худро ба парта зада кафондааст. То басанда кардани ин ҳама ҷанҷолу шустушӯ намудан ва боз доштани хуни пешонии ғолиби мусобиқа хеле вақт гузашт ва аввалин дарси синфи аввалипи мактаб ба ҳамин тариқ, дер сар шуд.

Ҳайати хонандагон ҳам аҷоиб буд. Аз даҳ то ҳафтсола. Даҳсолаҳое, ки ба остонаи мактаб бори аввал қадам ниҳодаанд. Алалхусус як духтари даҳсолаю лекин қадаш хеле баланд, ки дар парваи охирин менишаст ва чун болигае ба назар метофт, дар байни майдаҳакҳои маъсум позебо менамуд. Қаҳҳор Хоҷаев маро бо хонандагон шиносонд. «Муаллиматон ҷавон бошад ҳам, бақувват» — гуфта дили маро бардошта баромада рафт. Дарси якум ором гузашт. Ҳатто гӯштингири мағлубшуда ҳам сараш хаму хомӯш нишаста, ба дарс гӯш мекард.

Ман чор сол дар ин мактаб муаллимӣ кардам. Ҳамроҳи хонандагони боз се нафар зиёдшуда се зинаи мактаби ибтидониро тай намуда, ба зинаи чорум баромадем. Дар муаллимӣ кори ман барорнок буд. Рӯзона дар мактаби ибтидоӣ муаллимӣ мекардаму бегоҳирӯзӣ ва шабона ба ду курси маҳви бесаводӣ дарс медодам. Яке аз онҳо дар артели нави бофандагон буду дигараш дар сарои яҳудиёни паси растаи баззозии бозори Панҷшанбе. Дар ин курс дар давоми се моҳ агар сӣ нафар шогирдро саводноки хатхону хатнавис кунед, маорифи шаҳр путёвкаи бепули понздаҳрӯза сафари шаҳрҳои калонро медод. Ман дар ду курс дар давоми се моҳ шаст

пешина
аз 447
навбатӣ