Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Рақами ҳавлӣ, ном ва номи падару чикорагии соҳиби ҳавлиро фаҳмида гирифтаму хабаре тахт кардам. Дар он талаб карда мешуд, ки ягон фоҷиа рӯй надодан пеш, соҳиби ҳавлӣ болохонаро афтонда, роҳгузарҳоро аз таҳлука бояд халос намояд. Хабарро ба газетаи «Овози тоҷик» ба Самарқанд фиристодам, ки баромад. Аз миён ягон даҳ рӯз гузарам ё нагузарам, аз шӯъбаи мактуботи газета хат гирифтам, ки маро ба навиштани хабарҳо аз кори маорифу маданият, артелҳои косибон ва тозҳои деҳқонон даъват менамуд. Лекин акнун дар хабарнависию хабаррӯвӣ ба хаёл афтода мондам. Соҳиби болохона рӯзе сари роҳамро гирифт.
— Ту тирмизаки тирронча тӯғрӣ мегардӣ ё не?
— Ман чӣ кардам?— гуфтам дар ҷавоб ҳарчанд медонистам, ки аз чӣ сухан меравад.
— Ба газета чӣ навиштӣ? Хотиратро ҷамъ дор, ману ту мурда меравему болохона дуппа-дуруст мондан мегирад.
Тахмини ӯ ҳам монанди хаёли ман нодуруст баромад. Болохона ҳанӯз дар зиндагии ману соҳибаш, пас аз ягон... бисту панҷ соли табъ ёфтани хабари ман афтод. Гап дар ин ҷост, ки синчҳои ҷафси арча деворҳои болохонаро агарчи каҷиаш торафт зиёд шавад ҳам, муддати мадиде нигоҳ доштанд.
Вале пӯписаи болохонадор ба ман фоида кард. Ман чунон ки ҳамон вақтҳо мегуфтанд, имзои махфӣ ёфтам. Ин «Даҳрӣ» буд. Дар чигуна як луғате хонда будам, ки маънии даҳрӣ дунявӣ ва бехудост. Ба хабарҳои танқидӣ ҳамин имзоро мегузоштам. Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро, мегӯяд ҳазрати Ҳофиз. Одамон кӣ будани Даҳриро ҳам рафта-рафта фаҳмиданд. Дигар ба хабарҳо ҳатто ба шеърҳои машқ кардаам, ки аксар дар газетаи девории мактаб, сонитар дар газетаи девории ташкилоти комсомолии маҳаллаи Таҳти Тутикалон «Овози ҷавонӣ», ки муҳаррир, мухбир, нависанда, рассоми вай фақирулҳақир каминаатон будам, чоп мешуданд, ҳамин имзоро мегузоштам. Баъзан Раҳим Чалилзодаю Даҳриро ба даруни қавс мегирифтам. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи пурдабдабаи «Мавҷҳои музаффарият» (маъзурам, шеърҳо гуфтаам, машқи шеърҳо), бо ҳамин имзо нашр шуда буд.
Беихтиёрона андак пеш тохтам. Ба қафо бармегардам. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ маро маорифи

пешина
аз 447
навбатӣ