Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

VII

Падарам мегуфт, ки ҷони ту қоғазу қалам. Аз ин намеранҷидам. Зеро ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ки ба падарам ҷангномаҳо хонда медодам, аз бозе ҳам, ки газетаву журналхон шудам, дилбохтаи қоғазу қалам будам. Бӯи қоғазу сиёҳӣ, бӯи қаламу лиққаи давот, бӯи чӯби қарандашро масси бӯи чарми уфака, хиром, мешӣ ва бузӣ дӯст медоштам. Илова бар ҳамаи ин, чун ҳикояҳои бештар ба забони узбакӣ ва ҳанӯз кам андар кам ба забони тоҷикӣ тарҷимашудаи М. Горький ва Чеховро мехондам, ки аз ҷангномаҳои пур аз игроку муҳобот фарқи аз замин то осмон доштанд, орзуи қаламкаш шудан ва кор кардан дар он ҷойҳое, ки газетаву журнал мебароранд, сол аз сол зиёд мешуд. Аввалин бор дар ин бобат қувваи худро дар газетай девории мактабамон «Хуршед» озмудам. Хабаре аз аълохону бадхонҳое, ки ба синфи мо нанг меоварданд, навиштам. Ҳайратам чӣ қадар зиёда шуд, вақте дидам, ки ин хабар қариб тамоман бетағйир ва фақат андак ихтисор ёфта чоп шудааст. Баъди ин котиби комитети комсомолии мактаб, агарчанде ки ман ҳанӯз ба сафи комсомол надаромада будам, маро ба кружоки адабии назди мактабамон бурд, ки ба он Юнус Хусайн роҳбарӣ мекард. Ин одам, ки зӯр зада кию куҷоӣ буданамро пурсид, аввал ба ман маъқул нашуд. Забонаш калолат дошт. Дар вақти хондан ҳарчанд забонаш нагирад ҳам, дар ҳангоми сухан хеле азоб мекашид. Аммо дар рафти машғулияти ҳалқаи адабӣ ман аз андешаи аввалаи худ зуд баргаштам. Чанд шеъри тоҷикию узбекии навқаламон ва материалҳои як шумораи «Хуршед» муҳокима ва ҷо ба ҷо карда шуданд. Маслиҳату машваратҳои роҳбар бамаъҷӣ буданд.

Пас аз он ки чанд хабар ва як шеъри дар тазмини Ноил Шерзода гуфтаам, ки дар «Хуршед» чоп шуда баромад, боре дар ҳалқаи адабӣ тартибот ва тарзи хабарнависию хабарфиристиро ба газетаҳо пурсидам, Юнус Хусайн ҷавоби муфассал дод. Акнун фикр мекардам, ки аз чӣ хусус нависам. Охир, як мавзӯи аҷоиб ёфтам. Дар маҳаллан Кӯшмасҷид дар рӯ ба рӯи мактаби кӯҳнаамон, дар сари роҳ ҳавлие болохонаи фарсуда дошт, ки монандӣ қабри Хоҷанасриддин ба тарафи кӯча каҷ буд.

пешина
аз 447
навбатӣ