Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

иҷозати арз пурсид. Сардори «доруламон» табассум намуда ба мо рӯй овард: — мӯҳлати маҳбусии ин одам тамом шудаасту лекин рафтан намехоҳад.
— Воаҷабо, чаро? — пурсидам ман.
— Аз худаш пурсед, — ҷавоб дод сардор.
— Ман ба ҳамин ҷо омада дуредгариро ёд гирифтам, — мард беҷуръатона боз ду-се қадам пештар омад. — Худо ба умру ҷонатон барака диҳад, ба муродатон расед. Ба устохонамон як устои ҳунарманди зӯр омад. Аз чӯб ҳар чӣ ки хоҳед, сохта метавонад. Мӯҳлаш ду ҳафтаи дигар бо ӯ кор кунам, як гала корҳои навро ёд мегирифтам. Як умр дуои ҷонатонро мекунам. Ҳа гӯед, поччо.
— Ҳой бародари азиз, шумо гапро мефаҳмед? Ман ба ин ҳақ надорам. Донанд, ки маҳбуси ҷавобшуда дар ин ҷо мондааст, маро хафа мекунанд. Магар шумо инро мехоҳед? — гуфт Мирзошариф Раҷабов.
— Кӣ будааст, ки шуморо хафа мекардааст, поччо? Дили кӣ мешавад? Ҳеҷ қисса не, боз ду ҳафтаи дигар ин ҷо шавам.
— Чӣ кунам? Меҳмонҳо, ба ин чӣ мегӯед?
— Қонунро помол кардан мумкин нест, — гуфт Аминзода.
— Тамоми умр шумо ба мардум некӣ мекунед, — гуфтам ман. — Боз як некӣ кунед, чӣ бадӣ дорад?
— Чунон бадиҳоро баъзан барои некӣ дидаам, ки ба душмани душманатон раво намебинед, — гуфт сардори колонна. — Вале чӣ кунам? Модом, ки меҳмон ҳам ба ин далолат мекунанд, даҳ рӯзи дигар рухсат медиҳам, ки дар ин ҷо бошед. Аммо ба касе дар ин бора чизе нагӯед...

Баъдаҳу махфӣ мабод, ки устод Лоҳутӣ бо як дидан дӯсти қарини Мирзошариф Раҷабов шуда буд ва ҳар дафъа, ки ба Ленинобод ояд, маро мефиристод, ки ӯро гирифта оям ва сӯҳбати онҳо соатҳо давом мекард. Боре М. Раҷабов нақл намуд, ки ӯ аз пирони шаҳр бригадае ташкил намуд, ки онҳо ба ноҳияҳо ба пахтачинӣ мераванд. Устод худи ҳамон рӯз шеъри «Мӯйсафедони пахтачин»-ашро эҷод намуда, рӯзи дигар дар ҷамъомади солхӯрдаҳои шаҳр хонда дода буд.

пешина
аз 447
навбатӣ