Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ягон боби оянда сухан хоҳам гуфт. Ҳоло нақли сӯҳбатро мекунам.
...Ба қавли Муҳаммадризо, воллоҳу аълам, дар моҳи августи соли сиюсе буд, ки ману нависанда Ҷалол Икромӣ, шоир Аминзода, журналисти номию нотарс Қурбон Баҳлулзода ва Зариф Раҷабов ба як ҷазираи майдаи рӯ ба рӯи деҳаи Қарақчикуми Кони Бодом воқеъ будаи дарёи Сир рафтем.
Дар ҷазира қитъаҳои калон-калони харбуза, тарбуз, бодиринг, ҷуворию ҷуворимакка ва дар канорҳояш шоликорӣ буд. Ҳамаи деҳқонон маҳбус буданд. Лекин азбаски дар сари кор ягон нафар назоратгару ғайр аз саркорони аз худи маҳбусон буда, дигар корфармое ҳам дида намешуд, ба маҳбус будани бошандагони ҷазира боварии кас намеомад. Дар ҷазира як манорачаи дидбонӣ буд, ки дар он каси мусаллаҳ меистод. Албатта муносибат ба ҷинояткорони гуноҳашон вазнин дигар буду ба касони тасодуфӣ ва фалокатзада дигар. Баъзеи онҳо гӯё маҳбусиро ба ёдашон намеоварданд. Аз ҳама аҷибтар буд, ки чанд нафар маҳбусон бо иҷозати сардори колонна зану бачагонашонро ба ҷазира оварда, дар сари харбузаю тарбуззорҳо аз буттаҳо шоҳҳои дарахтон қозаҳо сохта зиндагонӣ мекарданд. Ҳама беистисно ба кор мебаромаданд ва ҳангоми киштукор ва ҳосилғундорӣ ба соат ҳам нигоҳ накарда бо хоҳишу майли худ шабона низ кор мекарданд.
Бегоҳирӯзиҳо дар чойхонаи назди қалъача муғанниён нағмасозӣ, ширинкорон ширинкорӣ, ҳофизон ҳофизӣ, масхарабозон ҳазлу мазохҳо мекарданд.
— Ин ҷазираро дорул ахлокул амон номидан хубтар мебуд. Ҳам ахлоқ таълим медиҳаду ҳам тинчу осонист, — гуфт Баҳлул.
Як воқеаи ғалатине, ки дар он ҷо рӯй дода буд, аз ёди ман нарафтааст.
Як бегоҳон баъди таоми шом дар суфаи лаби ҳавз ба болиштҳои париқу такя намуда, сӯгарми сӯҳбати адабии худ будем, ки аз пайдо шудани сардори колонна бехабар мондем.
— Баҳузуру бемалол шинед. Ман аз ин тараф гузашта менишинам, — гӯён ӯ акнун мӯзаро кашида, менишаст, ки як марди миёнсол омаду чанд қадам дуртар
аз ӯ каландро аз китф гирифта даст алифлом намуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё