Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гап ҳамин, Вафо, – муаллим қадаҳи навбатиро нўшонданду бо овози паст, ки фақат ба ману Манучеҳр шунаво буд, бори аввал «ту-ту» гўён ба ман рў оварданд. – Ман аз ҷониби ту ба Ҳалқасой рафтам. Худата нағз медидам, барои ҳамин хостгорӣ рафтам. Набошад... – муаллим давоми суханашонро нагуфтанду рў турш карданд. –Ҳамааш соз шуд, гапро пазондам. Онҳо нафаҳмида, кора чигил кардагӣ. Акнун тайёрии тўя бин. Вақтатро ёбу рафта падара биёр... Ду-се кас биёнд, даҳан-баста карда монем. Сонӣ фурсат ёфта, тўятро мегузаронӣ. Ҳоло ҷиҳози духтар ҳам тайёр не.
– Ташаккур, муаллим... То зиндаам некиатон аз ёд намеравад, – гуфтам ман аз замин чашм набардошта, бо каме хиҷолат.
– Барои ин кор то охирин қатрааш нўшидан даркор, – Манучеҳр ин гапро бо овози баланд гуфту диққати духтарон ба сўи мо ҷалб шуд. Вай шишаро гирифта ба қадаҳҳо шароб рехт. Лаҳзае хомўш мондем. Ҳар яке ҳис мекард, ки дар ин хел маврид ҳеҷ як сухан туғёни дилро ифода карда наметавонад.
Баъди таом шеърхонӣ, рақсу суруд сар шуд. Ҳар яке ҳунари худро нишон медод. Ҷаводзода шеърҳои латиф мехонданд. Ҳоло ба ман шеърҳои солҳо боз медонистагиам фавқулодда таъсири зўр мерасонданд. Махсусан, ин рубоии Хайёмро муаллим пуртаъсир хонданд:
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ чу маи муғона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.
Сипас Манучеҳр рубоб хосту асбобро ба дасташ дода буданд, суруде сар кард, ки нақароти онро ҳама баробар такрор кардем:
Нимишабон субҳро майли дамидан диҳам...
Ин шаб аз шабҳои такрорношудании ҳаёти ман буд. Бори аввал ман суруди Рухсораро гўш кардам. Баъди таронаҳои Манучеҳр муаллим рубобро ба вай дода, хоҳиш карданд, ки ягон чиз хонад. Ман хомўш табассум мекардам, аз ҳунараш сирф бехабар будам.
– Як бор «Муноҷот»-а зан, – хоҳиш карданд он кас. Сонӣ ба мо рў оварда гуфтанд: – Ҳар бор биёд, як раҳ «Муноҷот»-а навоз, мегўям.
Рухсора сараввал аз шарм ё изтироб каме ноўҳдабароёна навохтагӣ барин намуд, аммо то рафт ҷуръат гирифта, ангуштони нозукаш рўи пардаҳои рубоб ба рақс даромад. Рости гап, ман мафтуни рубобнавозии вай гашта, ба савти изтиробангези он кам диққат кардам. Баъд бо талаби муаллим суруд сар кард. Ба гўш овозаш аввал маҳину ноҷур шунида шуд. Ҳатто каме гирифтагӣ барин буд. Лаҳзае нагузашта савти гуворо ва лаҳни дилнишини вай ҳамаи моро ба худ ҷазб кард.
Вай менавохту месуруд, овозаш гоҳ баланду гоҳ паст мешуд, аммо пайваста ба нотаҳои баланд бозмегашт, хомўш мемонд ва боз баргашта ба авҷи аввала мерасид. Аз як банд ба банди дигар гардишҳои диловез дошт, ки бароят дилрас ва табиӣ мебаромаданд. Агар дар ин маҳфил мусиқишиносе мебуд, аз ин сопранои лирикии дилкаш, табиӣ ва носуфта ангушти ҳайрат мегазид.
Суханони вай аз мағзи дилу ҷон берун меомаданд:
Ду-се рўзест бўи гул наомад-е,
Садои хониши булбул наомад,
Равед аз боғбони гул бипурсед, Чаро булбул ба сайри гул наомад-е?

пешина
аз 91
навбатӣ