Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин таронаро ман борҳо аз ҳофизони касбӣ шунида будам, аммо Рухсора онро дигаргуна, бо як оҳанги махсуси худаш ёфта, афсункорона мехонд.
Ҳавояш қадре вазнин, бо лаҳни дарднок, гўё худ ба худ ҳасрат мекарда бошад, дилу ҷонро гудоз дода, тараннум мекард:
Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ,
Диламро хун куну ёр, зинда бошӣ.
Ҳама хомўш, саропо гўшу ҳуш гашта будем. Аз дилам гузашт, ки дар байни мардуми мо чӣ қадар соҳибҳунарони бисёр ҳастанд, аммо ба монанди Рухсора ба ғайр аз наздиконашон каси дигар аз ҳунари онҳо хабар надорад.
Баъзе боҷуръаташон ба саҳна набароянд, дигар ҳама хомўш мегарданд.
Рухсора сурудашро поён кард. Суханони таҳсин ва дархостҳои самимӣ баланд шуданд:
– Офарин! Кам нашав!
– Ғам набинед! Ҷуфт шавад!
Вай шармида, рўяшро бо дастонаш пўшид. Гўё тамоми ҳастиаш даргирифту шўълаи ин оташ аз байни ангуштонаш забона мезад. Баъд рангаш канд, дасташро аз рўяш фуроварда, хиҷолаткашон табассум кард, гўё дар сари шавқ сухани густохонае гуфта бошад, чашмонаш узр мегуфтанд.
Ҷаводзода мамнун ба рўи вай нигаристанд:
– Рубоби ман додагӣ дар деҳа ё дар ҳамин ҷо?
– Дар деҳа, наовардаам.
– Ин Рухсора аз хурдиаш ҳамаро қоил мекард. Муаллимон зорӣ мекарданд, ки дар консерти ҳаваскорони мактаб суруд хонад, не, аз саҳна метарсад.
– Аз саҳна нею аз гапи мардум метарсидагистанд? – гуфт Манучеҳр.
– Ҳа, баъзе одати ганда дорем, – гуфтанд муаллим.
Рухсора рубобро ба Манучеҳр дароз кард, аммо ҳама бо як овоз аз ў хоҳиш карданд, ки боз ягон чиз хонад. Ба ман чунин намуд, ки дар синаи вай мавҷи суруд талотум мекунаду роҳи берун шуданро меҷўяд. Аз суруди вай дилҳои мо бо фараҳ ва эҳсосоти ширину гуворо лабрез мегашт. Вай месуруду ман хаёлан гоҳ дар марғзорони деҳа, гоҳ дар бағали кўҳҳои обшор сайр мекардам.
Дар суруди вай ҳам ҳусну нафосати табиат, ҳам орзуҳои ҷавонӣ, ҳам дард ва ҳам шодмонӣ буд. Ҳар як сухани тарона чунон бо дард ларзида, аз дили духтар берун меомад, ки вуҷуди кас зир-зир мекард, Беҳуда намегўянд, ки духтар синаи меҳр аст. Одами беғам ва бедард ҳаргиз ин хел суруда наметавонад... Ман дар домани ҳамин гуна изтиробҳо мисли афсунзадае, ё сурати деворе шах шуда будам. Ҳама чашму гўш ба вай, аммо ў ба ҳеҷ кас нанигариста, гўё худ ба худ роз мегуфта бошад, мехонд:
Биё дар оташи ғамҳо бисўзем,
Даруни ашки мотамҳо бисўзем,
Биё по бар сари дунё гузорем,
Миёни чашми одамҳо бисўзем.
Суруди ўро гўш мекардаму хаёлам дар ким-куҷоҳо парвоз дошт. Ин таронаҳо маро ба олами орзую армонҳои наврасиам мебурд... Дашти Баҳорикор, шабҳои хирманкўбӣ, моҳи дуҳафтаи тамоме, ки аз қафои хирманҳо мебаромад, аз пеши назарам мегузаштанд. Аспҳои хирманкўб хастаҳолона якта-якта пой мепартофтанд, маро дар болои зин хоб мебурд.

пешина
аз 91
навбатӣ