Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз дарвоза даромадему сири ҳамаи ин гапу кор ба ман равшан шуд. Моро Ҷаводзода пешвоз гирифтанд. Амаки Худойдоди Рухсора муаллим Ҷаводзода будаанд. Дар бемористон ман ҳам як даҳан номашонро напурсидаам. Одатан, дар мо номи пиронро ба забон гирифтан беадабӣ, «бобо», «амак», «муаллим» мегўянд.
Рухсора ҳам ягон бор фамилияашонро ба забон нагирифт. Он кас дар кўча Инобатро дида, маро пурсанд, вай гуфтааст, ки сараш дар ғавғо, ёрдам кунед.
Сонӣ ҳамроҳи Манучеҳр ба хонаи он кас омадаанд, маслиҳат кардаанд. Ман ҳам, Рухсора ҳам бехабар. Ҷаводзода аз Рухсора ҳам дар ин хусус гап пурсидаанд, аммо ман қатӣ шинос буданашонро изҳор накардаанд.
Он касро дида, вохўрӣ кардему ба ёдам расид, ки чӣ хел баъди бо ситеза дар беморхона духтарашонро ранҷонда фиристодан муаллим пушаймон гашта, ба чашмашон об гирифта буданд... Инҷиқиҳои пирӣ будааст, баъзе пирон кўдак барин зуд аз карда пушаймон мешаванд.
Хурсандии Ҷаводзода ҳамон шаб ҳадду ҳудуд надошт. Маро ба куҷо шинонданашонро намедонистанд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки мўйсафед ин қадар ба ман дилбастагӣ доранд. Аз муҳаббати он кас хиҷил будам, ки як бор аз аҳволашон хабар нагирифтам. Гила карданд, гилаашон ҷой дошт ва ман ба ҷуз узргўӣ чораи дигар надоштам.
Мизро калон кушоданду дастархон партофтанд. Тайёриашонро дидагӣ буданд, ки зуд дар рўи дастархон нозу неъмат - кабобу самбусаҳои варақӣ, салатҳои гуногун, хўрданӣ - аз мурғ то моҳӣ пайдо шуд. Дар як сабў шароби сурхи дастӣ оварданд.
– Шароби ноб аз ангури боғчаи худамон, – шарҳ доданд муаллим.
Духтарон дар поёнтари миз ғун шуда, ба гапи худ машғул буданд. Онҳо духтари муаллимро миёнагир карда, аз даҳони вай нақли шавқоваре мешуниданд. Духтарак зуд-зуд аз пеши онҳо бархоста, ба ошхона мерафту дар даст ягон хел таом, салат ё чойники чойи тозадам бармегашт. Сипас боз амонат нишаста, нақлашро давом медод. Вай ҳоло фарбеҳтар шуда, ба рухсорааш сурхӣ дамидаст, чашмонаш махмур - як духтари нозанин гаштааст.
Манучеҳр қиссаи маҷлисро гуфта, маро андаке оташин кард. Ҷаводзода хомўш гўш карданду насиҳатомез гуфтанд:
– Ҳеҷ гап не, асп чор пой дораду боз пешпо мехўрад. Баъд аз ин ҳушёр мешавед.
Дигар дар ин бора гап кушода нашуд. Муаллим ба пиёлаҳо шароби ноб рехтанӣ буданд, Манучеҳр дасти он касро боздошту бархоста, аз кисаи палтоаш як шиша коняк гирифт.
– Э, ин коратон беҳуда, – эътироз карданд муаллим. – Ба мани мўйсафед ин носи шумо баландӣ мекунад.
– Кам-камакак амак, – исрор кард Манучеҳр ва шишаро кушода, ба назди муаллим гузошту ба ман хитобан гуфт: – Доғи шароба бо шароб мешўем.
Ман аз қаҳр суп-сурх гаштам.
Баъди ду - се қадаҳ нўшиданамон як сўҳбати озод, табиӣ ва дилҷў барпо гашт. Духтарон азбаски наменўшанд, ба гапу кори худ саргарм буданд.

пешина
аз 91
навбатӣ