Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале чашмони ростгўяш, табассуми ба дигарон ноаён, лекин ба ман ҳамеша маълуми вай гувоҳӣ медоданд, ки аз сире бохабар аст.
– Худаш чӣ гап? Ба куҷо меравем? – пурсидам оқибат дилтангона бо андаке асабоният.
– Гўям? – ҳанўз ҳам шўхиашро бас накарда, ба Манучеҳр нигарист Инобат.
Сонӣ ҷавоби ўро нигарон нашуда гуфт: – Агар ба хонаи Рухсора-ино барем, меравед? Ба хонаи ягон хеши наздикашон? Домодашонро дида монанд?
– Беҳазл гап занед, Инобат.
– Беҳазл мегўям.
– Ҳама гапро дар ҳамон ҷо мефаҳмӣ, биё рафтем, – гуфт Манучеҳр аз бозуи ман гирифта раҳакӣ шуда. –Ин қадар дилтангӣ накун.
Аммо ба куҷо равонаанд, аллакай пай бурдам.
– Гўй аввал, набошад, намеравам, – раҳравон эътироз кардам.
– Ба хонаи амаки Рухсора меравем. Ба меҳмонӣ таклиф карданд. Гапро пур акуну омадан гир, – гуфт Манучеҳр ҳам аз инҷиқии ман зарда карда. Сипас ҳамроҳи Инобат пеш даромада раҳакӣ шуд.
Ману Рухсора оҳиста ба онҳо пайравй кардем..
Қаҳрам омаду дигар пурсуков накардам. Ҳеҷ намефаҳмидам, ки амаки Рухсора барон чӣ моро ба меҳмонӣ таклиф мекардааст. Аслан, вай одам дар чӣ бобате аз додараш дадаи Рухсора ранҷида, аз деҳа саргурез шудагӣ. Боре Рухсора ҳамин хел гуфта буд. Ҳарчанд падари Рухсора кўшиш мекардааст, буғзи дили бародарашро барорад, ба гузашта салавот гўянд, аммо ин кас расман равуо кунанд ҳам, чандон часпон набудаанд. Акнун омада-омада хушдори духтари додарашонро ба меҳмонӣ хостаанд! Мурғи пухтагиро ханда мегирад!
Шубҳаю андешаҳои маро пай бурд магар, Рухсора шарҳ дод.
– Амаки Худойдод гуфтаанд, ки имшаб ҳамаамон ба хонаашон таклиф. Ҳў, рўзи аввал... дар ёдатон? Бегоҳӣ маро гирёндед? Сонӣ ба хонаашон рафтам?
– Медонам. Аммо ҳеҷ, намефаҳмам, он кас барои чӣ моро ба меҳмонӣ таклиф кардаанд? Ё бо супориши дадаатон?
– Не-е, агар дадаам ягон гап гўянд ҳам, ин кас дилхоҳаш те, мегўянд. Шумо намедонед, амакам одами аҷоиб. Ҳоло ҳамгап шавед, сонӣ мефаҳмед. Он кас ба ман доим биё, мегўянду худам намеравам. Духтари худашон барин нағз мебинанд.
– Дадаатон «нарав» мегуфтагистанд?
Аз пеши гастроном мегузаштем, Манучеҳр «ҳозир» гуфта ба магазин даромаду лаҳзае нагузашта дар даст чизе коғазпеч баромад.
Мо кўчаро бурида гузашта, ба маҳалла ворид гаштем. Дарҳол ба машомҳо бўи дуди мўрӣ ва зирбаки ош омад. Дар шаҳр одам баъзан ҳамин нишонаҳои муқаррарии зиндагии деҳаро ҳам ёд мекунад, дуди мўриро бинад ҳам, дилаш гум мезанад.

  1. ҲАҚИҚАТИ ОДДӢ Ҳавлии амаки Рухсора сарбунаи он маҳалла набошад ҳам, имораташ хушсохту хушнамуд ва саҳнаш сердолу дарахт буд.
пешина
аз 91
навбатӣ