Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бахши чорум

Рўза ва беҳдошт

Барномаи ғизоӣ ва тарбияи ҷисмӣ
дар Ислом

Рўзаҳои нафлӣ

Вуҷуди тавозун дар барномаҳои амалии
дини Ислом

Тасбеҳи таровеҳ

«Оё дар Қуръон намеандешанд? Агар он аз назди ғайри Худо мебуд, ҳатман дар он ихтилоф ва ноҳамгунии бисёре меёфтанд»
(Сураи Нисо, 4: 82).

РЎЗА КОМИЛТАРИН
БАРНОМАИ БЕҲДОШТӢ АСТ

Бастем дари дӯзах, яъне тамаъи хӯрдан,
Бикшой дари ҷаннат, яъне ки дили рӯшан.
То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ,
Рав ҷону ҷаҳонро ҷӯй, эй ҷону ҷаҳони ман!
(Мавлоно)

ўза илова бар тазкияи нафс, парвариши рўҳиёти нек ва дигар фоидаҳои амиқи маънавие, Р ки дар бинои шахсият ва пурбор намудани раванди худсозии инсон дорад ва илова бар аҷру савобе, ки барои банда аз он ҳосил мешавад, ҳамчунин беҳтарин барномаи беҳдоштӣ ва нусхаи (ретсепти) саломатии шахс низ ба шумор меравад. Зеро дар натиҷаи пурхўрӣ ва пайвастахўрӣ дар ҷисми инсон пасмондаҳои ғизоӣ ва русуботи ҳазмногаштае боқӣ мемонанд, ки ҷисм ва дастгоҳҳои полоишии бадан аз коркард, ҳазм ва ифроз (берун кардан)-и онҳо аз бадан аксаран оҷиз меоянд.
Ин пасмондаҳои ғизоӣ ва русуботи ҳазмногашта пас аз муддатҳо ба сурати чарбиҳо, холестерин, намакҳо, қандҳо ва дигар заҳрҳо дар таркиби хун ва дигар мавзеъҳои бадан зиёд гашта, аз меъёри зарурӣ боло мераванд. Дар натиҷа ҷисм короямӣ ва қобилияти фаъолиятро то андозае аз даст медиҳад. Вақте қобилияти кории ҷисм поён рафт, рўҳ низ то андозае боландагии худро гум мекунад. Ҳамин тавр андак-андак ҷисм пас аз муддатҳо муқовимат ва аз даст додани тавоноиҳои кории худ ба бемориҳои гуногуне гирифтор мегардад.
Илми тиб имрўз исбот намудааст, ки аксари бемориҳо дар натиҷаи пурхўрии доимӣ ва камтаҳаррукии ҷисмонӣ ба вуҷуд меоянд ва гуруснагӣ ва ҳаракати бештари ҷисмонӣ муваффақтарин роҳи дармони онҳо мебошад.

пешина
аз 190
навбатӣ