РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Имрўзҳо на танҳо барои бемориҳои рўҳӣ гуруснагӣ ва ё навъҳои парҳезро пешбинӣ менамоянд, балки барои бемориҳои ҷисмӣ низ, ба монанди баланд шудани сатҳи холестерини хун, қанд, чарбиҳо ва ғайра ин дармонро муассиртарин равиши (методи) табобатӣ медонанд. Ин ҷост, ки фоидаи рўза ҳамчун барномаи комили беҳдоштӣ ва нусхаи пешгирикунанда аз бемориҳои зиёде собит мегардад.
Зеро вақте одам рўза медорад ва муддате аз хўрдану нўшидан худдорӣ менамояд, ба ҷисми худ имконият ва фурсат медиҳад, ки ба коркард, ҳазм ва ифрози он пасмондаҳои ғизоӣ ва русуботи зиёдатӣ дар бадан пардозад ва баданро то андозае аз онҳо пок ва тасфия намояд.
Дар китоби «Рўҳи дини исломӣ» дар бораи фоидаҳои беҳдоштии рўза омадааст, ки ба василаи рўза метавон бемориҳои зеринро муолиҷа ва ҳамчунин аз гирифтор шудан ба онҳо пешгирӣ намуд:
- Рўза дар муолиҷаи ташаннуҷот ва нороҳатии меъда ва рўдаҳо, ки ҳамроҳ бо туршшавии тарашшўҳоти зери меъда бошад, бисёр муфид аст.
- Рўза аз фарбеҳии зиёд ва афзоиши вазн ҷилавгирӣ мекунад.
- Рўза аз фишори хун, ки дар натиҷаи изтироботи рўҳӣ ва пурхўрии зиёд ба вуҷуд омада бошад, пешгирӣ менамояд. Рўзаи моҳи Рамазон барои ба эътидол даровардани фишори хун неъмат ва баракати бузурге аст, ба хусус вақте инсон аз ҳад зиёд фарбеҳ шуда бошад.
- Рўза аз боло рафтани қанднокии таркиби хун ва пешоб низ ҷилавгирӣ менамояд. Зеро вақте чарбиҳои бадан кам шаванд, қанди он ҳам поён меояд. Рўза ҳатто баъд аз кашфи инсулин ҳам яке аз беҳтарин равишҳои муолиҷаи бемории қанд мебошад.
- Рўза нороҳатиҳои тунд ва барҷомонда (музмин)- и гурдаҳоро, ки бо варам ва тарашшўҳ ҳамроҳ бошанд, муолиҷа менамояд.
6.Рўза барои бемориҳои дил, ки бо варам ҳамроҳ бошанд, бисёр фоида дорад. - Рўза нороҳатӣ ва дарди барҷомондаи пайвандҳоро аз байн мебарад, ба хусус вақте ин дард дар натиҷаи фарбеҳӣ ва зиёд шудани чарбиҳои бадан ба вуҷуд омада бошад. Аксари занон пас аз синни чилсолагӣ ва зиёд гаштани чарбии баданашон ба дарди пайвандҳо гирифтор мешаванд.281 Бар ҳамин асос, дини Ислом дўст медорад, ки пайравонаш дар ғайри моҳи Рамазон низ чанд рўзеро аз ҳар моҳ ва ё ба муносибатҳое рўза бидоранд ва ҷисман ва рўҳан аз баҳраҳои нек ва баракоти ин барномаи худсозӣ ва беҳдоштӣ истифода намоянд. Шахси рўзадор, воқеан ҳам, худро пас аз поёни моҳи Рамазон то муддате сабук, солим ва болида ҳис мекунад. Вақте чанд рўзеро аз ҳар моҳ рўза медорад, бори дигар чунин фурсатҳои муносиб ва имкониятро барои ҷисму рўҳаш фароҳам месозад, яъне ба парвариш ва беҳдошти худ мепардозад.
Дар зарфи як моҳе, ки бар асоси барномаи моҳи Рамазон зиндагӣ мекунад ва хўрду хўрок ва фаъолиятҳои ҷисмии худро ба танзим меоварад, кори тамоми бадан, дастгоҳи гувориш (меъда), дил ҷигар ва ғ. дигар мешавад. Ҳаҷми дастгоҳи гувориш то андозае ба меъёри табиии худ бармегардад. Бинобар ин, пас аз поёни моҳи Рамазон бояд меъёри муайянеро дар хўрду хўроки худ риоя намояд. Зеро истифодаи аз андоза зиёди маводи ғизоӣ дар ин ҳолат ба дастгоҳи гувориш осебҳои сахте ворид менамояд.
Дар омўзаҳои тибби набавӣ ва ишораҳои беҳдоштии Қуръон мўъминон ба риояи эътидол, танзими реҷаи ғизо ва дурӣ аз ҳар гуна зиёдаравӣ дар хўрдану нўшидан ва дигар баҳрамандиҳои зиндагӣ тавсия шудаанд.
281 Афиф Абдулфаттоҳ Таббора, Рўҳи дини исломӣ (тарҷимаи форсӣ, Абўбакри Ҳасанзода). – С. 764, 765.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё